Санаи 5-уми сентябр бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 99-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи ҶСК “Тоҷик Эйр” чорабинии тантанавӣ бо иштироки Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Дилшод Файзалӣ – директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирзода Маҳмуд Ҳамид – муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматзода Маликшо Маҳмадшо – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, роҳбарони зерсохторҳои Агентии авиатсия ва ҳайати кормандон баргузор гардид.
Дар баромади табрикотии худ масъулин аз таърихи рушди авиатсияи граждании тоҷик, таваҷҷуҳ ва дастгирии роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳа ва дастовардҳои авиатсияи тоҷик дар даврони истиқлол суханрони намуданд. Қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳа рушд ва ҷуғрофияи парвозҳо фарох гардида ба зиёда аз 20 давлати ҷаҳон ба роҳ монда шуд ва созишномаи ҳамкори дар бахши ҳавонавардӣ бо 30 кишвари ҷаҳон ба имзо расид.
Сипас, Усмонзода Усмоналӣ ба кормандони соҳа ҷоизаҳои давлатиро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти назаррас ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ мукофотонида шудаанд, тақдим намуд.
Дар ҳамин радиф бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон” аз 21 августи соли 2023, №618 Маҳмадносирова Маҳина – сардори Маркази авиатсионии метеорологии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” барои фаъолияти босамари меҳнатӣ бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Дар идомаи чорабини кормандон ва собиқадорони соҳа, ки дар рушди авиатсияи граждании ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштаанд бо нишони сарисинагӣ, ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, дар санаи 6-уми сентябр дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Роҳбарият аҳли коллективи корхонаро бо ин санаҳои фархунда табрик намуда, иброз доштанд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси рушди соҳа дар зарфи беш аз 32 -сол ва беҳтар гардидани инфрасохтори хизматрасонии авиатсионии мамлакат гардид.
Хусусан, дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои алоқа, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтанд. Ба истифода дода шудани Манораи нави назоратӣ – танзимнамоӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дари соли 2019 далели дастгирӣ ва рушди соҳа аз ҷониби роҳбарияти олӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ин иншооти бузурги аэронавигатсионӣ, ки мутобиқ ба меъёру талаботи ИКАО мебошад дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти калон дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти нақлиёти ҳавоӣ аст. Ҳайати назоратчиёну танзимгарони Корхона парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамоянд.
Дар фарҷом беҳтарин кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо Ифтихорнома, раҳматнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”