DataLife Engine / ВОХӮРИ БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ КОРРУПСИЯ

ВОХӮРИ БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ КОРРУПСИЯ

Санаи 6-уми октябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Корхона ҷиҳати амалӣ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030 марҳилаи якуми солҳои 2021-2025” (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2021, №222), вохӯрии ҳайати кормандони корхона бо корманди Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шералӣ Амирхон баргузор гардид. Ҳамоишро Даврон Шодмонбекзода муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” оғоз намуда, ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳоро дар Корхона муассир арзёбӣ намуд. 

      

Дар баромади худ  Шералӣ Раҳимзода ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама паёмҳояшон аз хатарҳои коррупсия, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрўи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, ба таври ҷиддӣ истода мегузаранд. Дар ин замина дар Корхона бо мақсади амалӣ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030 марҳилаи якуми солҳои 2021-2025” Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст.

      

Таъкид гардид, ки ҳадаф ва вазифаи асосии амалисозии стратегияи мазкур баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст. Дар охир таъкид гардид, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон барои татбиқ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030 марҳилаи якуми солҳои 2021-2025” саҳмгузор бошанд.

 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

6 окт
Вернуться назад