Тибқи нақшаи Хонишҳои идоравии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, санаи 6-уми октябри соли 2023 бо иштироки Даврон Шодмонбекзода муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, сардорони шӯъбаҳо ва сохторҳои таркибии корхона ҳамоиш баргузор гардид. Анвар Розиқзода мутахассиси шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар мавзӯи “Зуҳуроти терроризм ва суботу амнияти ҷаҳониву ватанӣ” баромад намуда, изҳор дошт, ки имрӯзҳо терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ба башарият хатари бузург эҷод кардааст. Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид оид ба терроризм ва экстремизм, оқибатҳои нодида гирифтани хатари терроризм ва бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ баромад карданд. Қайд гардид, ки вазъияти ба амал омада талаб мекунад, ки барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухўрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, омилҳои номатлуби терроризм ва экстремизм, ки барои амнияти давлат ва миллати мо хавф эҷод мекунанд, ҳамкории муштаракро бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда, чун гуфатаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳушёрӣ ва зиракиии сиёсиро аз даст надода, мубориза барем.
Дар робита ба мавзӯи дигари хонишҳои идоравӣ “Пос доштани фарҳанги бостонии халқи тоҷик” Комрон Баҳромзода, менеҷери шуъбаи назорат ва ситонидани пардохтҳои аэронавигатсионии Корхона суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки фарҳанги миллӣ ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқиву эстетикии ҳар як қавму миллат ба шумор рафта, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва марифатпарварӣ, рушди таълиму тарбия дар байни ҷавонон нақши ҳалкунанда мебозад. Бо мақсади ҳифзи таърих, фарҳанг, урфу одат, эҳё намудани ҷашнҳои аҷдодии тоҷикон, ҳифзи онҳо ва пос доштани мероси ниёгони аждодӣ, роҳбарияти олии кишвар як зумра иқдомҳоро амалӣ намуданд. Ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангии башар эътироф гардидани Чакан, Шашмақом, Рубоб, Наврӯз, Фалак, маконҳои таърихӣ Саразм, Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро, Бешаи палангон ва дигарон далели ин гуфтаҳо мебошад.
Фарангис Пирназарзода мутахассиси шуъбаи меҳнат ва музди меҳнати Корхона ҳангоми нутқи худ оид ба мавзӯи “Мақоми забони давлатӣ! Таҷлили иди забон” диққати иштирокчиёнро ба масаъали нақши забони давлатӣ дар пойдории истиқлоли давлатӣ, мушкилиҳои ҷойдошта вобаста ба хатари нестшавии забон дар раванди рақамишавӣ ҷалб намуд. Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон буд.
Маҳз истиқлол барои эҳтирому гиромидошти воқеии забони модарии худ, таъмин намудани мақому ҷойгоҳи арзанда ва рушди минбаъдаи он замина гузошт. Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки чун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти мардум нақши барҷаста дорад, вазифаи ҷонии ҳар фарди бонангу номус ба ҳисоб рафта, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замон тавассути забон ҳифз мегардад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”