23 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.
Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Туркманистон Аймурад Кочмурадов, Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён, Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар, Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йорк Шуграф, Ҷумҳурии Фаронса хонум Элза Пинёл, Конфедератсияи Швейтсария Салман Бал, Муғулистон Доржийн Баярхуу, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам хонум Фам Тхай Нии Май, Ҷумҳурии Филиппин хонум Мария Агнес Магласанг Сервантес ва Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея Син Хон Чхол, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ин маснади сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон рушду таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судмандро бо кишварҳо ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии худ медонад, ки он дар асоси усули “дарҳои кушода” амалӣ мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати густаришу тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.
Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар маросими супоридани эътимодномаҳо оид ба имконоти кишварҳо барои рушди муносибатҳо дар бахшҳои афзалиятноки сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳои барои ҷонибҳо судовар андешаронӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Фаронса, Конфедератсияи Швейтсария, Муғулистон, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Филиппин ва Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз идомаи ҳамёрӣ бо кишварҳо дар самтҳои ҳамкорӣ дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид истиқбол менамояд.
Президенти мамлакат омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардонидани мазмуну муҳтавои муносибатҳои кишварҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ки дорои зарфиятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда мебошанд, таъкид намуданд.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуданд ва омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба дар иҷрои рисолати дипломатиашон иброз доштанд.