DataLife Engine / РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ҶОИЗАДОРОНИ БОЗИҲОИ 19-УМИ ОСИЁИИ ХАНЖОУ-2022-РО ҚАДРДОНӢ НАМУДАНД

РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ҶОИЗАДОРОНИ БОЗИҲОИ 19-УМИ ОСИЁИИ ХАНЖОУ-2022-РО ҚАДРДОНӢ НАМУДАНД

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷоизадорони Бозиҳои 19-уми Осиёии Ханжоу-2022-ро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Раиси шаҳри Душанбе варзишгаронро барои ноил гардидан ба медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ дар Бозиҳои 19-уми Осиёии Ханжоу-2022 ва баланд бардоштани Парчами давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев калиди хонаи 3-ҳуҷрадорро дар пойтахти мамлакат тақдим намуданд.

 

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов калиди хонаи дуҳуҷрадорро дар пойтахт тақдим намуданд.

Инчунин Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Беҳрӯз Хоҷазода, Миҷгона Самадова, Ҳақназар Назаров ва Хайрандеш Муродзода калиди хонаи якҳуҷрадорро дар пойтахт тақдим намуданд.

   

Дар охир муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият орзу намуда, таъкид намуданд, ки ҷавонони бо нангу номус муаррифгар ва номбардори ватани хеш маҳсуб ёфта, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханжоуи Чин доир гардида, дар он варзишгарони 45 давлати қораи Осиё иштирок намуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар он дар ҳайати 118 варзишгар дар 19 навъи варзиш қувваозмоӣ намуд.

Дар корномаи варзишгарони тоҷик аз ин сабқат 7 медал сабт гардидааст, ки аз ин ду тилло – Сомон Маҳмадбеков (ҷудо), Давлат Болтаев (бокс), як нуқра – Темур Раҳимов (ҷудо) ва чор биринҷӣ – Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо), Хайрандеш Муродзода, Ҳақназар Назаров (кураш) ва Миҷгона Самадова (бокс) мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 медали тилло гирифтаанд, 150 000 сомонӣ, барандагони медали нуқра 100 000 сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба гирандагони медали тилло хонаи 3-ҳуҷрадор, медали нуқра- 2-ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ- хонаи 1-ҳуҷрадор тақдим гардид.

  АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

24 окт
Вернуться назад