Форуми сеюми байналмилалии “Як камарбанд — Як роҳ”, ки 17-18 октябри соли 2023 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуд, роҳбарони беш аз 20 давлати Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқо, ҳамчунин намояндагони 151 кишвар ва 41 созмони байналмилалиро ба ҳам пайваст. Дар ин форум вохӯриҳои гуногунӣ соҳавӣ низ баргузор гардиданд.
Кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” низ дар қатори намояндагони воломақоми ҷумҳурӣ, аз ҷумла авиатсияи граждании кишвар дар форуми байналмилалӣ ширкат доштанд.
Ҳангоми суханронии ифтитоҳи масуъилин даъват ба амал овард, ки дар доираи ташаббуси “Як камарбанд – Як роҳ” уфуқҳои нав кушода шаванд. Ҳозирин омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои ҳасана, амиқтар намудани робитаи сиёсӣ, таҳкими ҳамбастагии стратегӣ, пайваста таҳкиму густариш додани доираи дӯстона барои ҳамкорӣ дар ҷаҳорчӯбаи ташаббуси мазкур изҳор намуданд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими баромадкунандагон, ин зарурат ва саривақтии мустаҳкам намудани инфрасохторӣ алоқа, ҷустуҷӯи роҳҳои ба сатҳи баланд баровардани ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсия ва баланд бардоштани самаранокии шабакаҳои алоқа буд.
Баромадкунандагон, муҳимияти боз ҳам афзоиш додани гардиши бемамониати молу маҳсулот, беҳтар намудани рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ ва таъсиси низоми мутавозин, баробар ва устувори тиҷорат қайд намуданд. Ёдовар шуд, ки форуми байналмилалӣ бахшида ба 10-солагии иқдоми “Як камарбанд — Як роҳ” баргузор гардид.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”