Санаи 17 октябри соли 2023 дар чаҳорчӯбаи Форуми сеюми байналмилалии “Як камарбанд — Як роҳ”, ки дар он намояндагони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД “Тоҷикаэронавигатсия” иштирок доштанд, мулоқоти мақомоти авиатсияи Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид. Дар ҳошия ин музокирот Ёддошти тафоҳум оид ба бунёди муштараки “Роҳи абрешими ҳавоӣ” аз ҷониби директори Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзод ва директори генералии Маъмурияти авиатсияи граджании Ҷумҳурии Мардумии Чин Сонг Ҷиёнг ба имзо расид.
Ҳадафи ёддошти имзошуда ба густариши сохтмони долонҳои нақлиётии ҳавоӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисон, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намуда ба рушди сифати соҳаи авитасияи гражданӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Бояд гуфт, ки дар тули зиёда аз 30 соли ҳамкории Тоҷикистону Чин ҳуҷҷатҳои гуногун ба имзо расидааст. Аммо Ёддошти тафоҳуми ба имзо расида барои баланд бардоштани иқтидори авиатсионӣ ва аэронавигатсонии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”