DataLife Engine / ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БАРОИ ФАТҲИ ҚУЛЛАҲО

ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БАРОИ ФАТҲИ ҚУЛЛАҲО

Чи тавре, ки қаблан хабар дода будем, дар санаи 17-18 октябри соли 2023 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии халқии Хитой Форуми  сеюми байналмилалии “Як камарбанд — Як роҳ” баргузор гардид, ки ҳамчун платформаи васеъ барои густариши ҳакориҳои нав, таъсиси иқтидор ва имконятҳои ҳамкории байниминтақавии кишварҳои иштирокнамуда ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади самаранок истифода бурдани ин майдони сиёсӣ ҳамчун имконияти бузурги баланд бардоштани иқтидори авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, васеъ намудани хизматрасониҳои авиатсионӣ ва аэронавигатсионӣ, ки метавонанд дар ҷорӣ намудани захираҳои бузурги сармоягузории Тоҷикистон саҳм гузоранд, намояндагони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо масъулини авиатсияи Чин вохӯриву гуфтушунидҳои сатҳи гуногун баргузор мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон бо назардошти имконоти бузурги густариши ҳамкориҳои авиатсионии кишвар ва ба сатҳи нав боло бурдани ин муносибатҳо, омодагии худро барои таҳким ва густариши ҳамкориҳо изҳор дошт. Мавзӯи асосии таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба роҳандозии парвози нав миёни ду кишвар нигаронида шудааст.

Афзоиши шумораи парвозҳо, ифтитоҳи парвозҳои нав аз Душанбе ба самти Пекин, Урумчӣ, Гуанҷоу ва Сиани Чин аз мавзӯъҳои калидии мулоқоти намояндагони бахши авиатсионии Тоҷикистон ва Чин буд. Дар мавриди амали гардидани роҳҳои ҳавоӣ нави парвозҳои пешбинишуда ба хатсайрҳои транзитӣ ва дигар парвозҳо мусоидат хоҳанд кард.

Лоиҳаи Созишнома оид ба расмияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ байни маркази Хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбе ва маркази Хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Урумчи аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод  ва ҷониби Чин низ ҳавасмандии худро барои татбиқи созишномаи мазкур изҳор намуда буд. Дар доираи силсила вохӯриҳое, ки дар доираи Форуми  сеюми байналмилалии “Як камарбанд — Як роҳ” баргузор гардид, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки Созишномаи мазкур дар моҳи декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо мерасад.

 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

25 окт
Вернуться назад