DataLife Engine / ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ ДАР СЕМИНАРИ ИКАО, ИСТАНБУЛ

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ ДАР СЕМИНАРИ ИКАО, ИСТАНБУЛ

Аз санаи 23 то 25-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Истанбули Туркия семинари Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) оид ба таҳияи Нақшаи миллӣ дар таъмини парвозҳои бехатарӣ (NASP) баргузор гардид. Дар кори ин ҳамоиш намояндагон аз 9 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Гурчистон, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ин ҳамоиш Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намуданд.      

Дар семинар, ки аз ҷониби Boeing ташкил ва дар намояндагони ИКАО ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд, дар давоми се рӯз масъалаҳои муқаррар намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои бехатарии парвозҳо дар сатҳи минтақавӣ баррасӣ гардид. Масъулин қайд намуданд, ки ба роҳ мондани ҳамкории зич миёни кишварҳои узви ИКАО ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои беҳтарини бехатарии парвозҳо мусоидат менамояд. 

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ки таъминкунандаи асосии хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар ҷумҳури мебошад, дар самти таъмини бехатарии парвозҳо тамоми чораҳоро амалӣ намуда барои мутобиқ намудани хизматрасонии худ мувофиқи талаботи ИКАО ва таъмини бехатарии парвозҳо дар фурудгоҳҳои кишвар таҷдиди таҷҳизоти соҳавиро ба роҳ мондааст. Ҳадафи асосии иштироки намояндагони Корхона дар семинари мазкур, аввало ба табодули динамикаи дониши кормандон, ғани ва мубодилаи таҷриба доир ба таҳия ва татбиқи босамари масъалаҳои амниятӣ ва бехатарии миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки Нақшаи миллӣ дар таъмини парвозҳои бехатар (NASP) ҳамчун ҳуҷҷати банақшагирии умумӣ буда, самти стратегии ҳукуматро барои идоракунии бехатарии парвозҳо барои як давраи муайян таъмин мекунад. Нақшаи мазкур инчунин ба масъалаҳои бехатарии миллӣ, муқаррар намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои миллии бехатарии парвозҳо, ва пешниҳоди як қатор ташаббусҳои Такмили бехатарӣ (SEI) барои бартараф намудани камбудиҳои муайяншудаи бехатарӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои бехатарии миллӣ равона шудааст.

  
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”
26 окт
Вернуться назад