Пешниҳоди маълумоти метеорологии авиатсионӣ ба аэронавигатсияи байналмилалӣ ва миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази авиатсионии метеорологӣ (МАМ)-и КВД “Тоҷикаэронавигатсия” таъмин карда мешавад. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии метеорологӣ дар корхона, таҷдиди таҷҳизоти метеорологӣ ва такмили донишу малакаи кормандони соҳаи метеорологияи авиатсионӣ аз ҷониби роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” тамоми шароит муҳайё гардида, баҳри боз ҳам хубтар намудани раванди кору фаъолият дар ин бахш тадбирҳои гуногун амалӣ мешаванд.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалӣ гардида, тибқи низоми «TAF» дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгӯии мутахассисон дар нуҳмоҳаи соли 2023 дар маҷмӯъ 93,4%-ро ташкил дод, ки яке аз дастоварди марказ ба ҳисоб меравад. Дастоварди дигари марказ, аз 5 октябри соли 2023 кормандони соҳаи метеорологии Маркази авиатсионии метеорологӣ ва Истгоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандӣ (ИАМШ)-и филиали Корхона дар ш. Хуҷанд, бомуваффақият ба пешгӯии обу-ҳаво барои 24 соат барои фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд гузашт. Дар навбати худ, пешгӯиҳои TAF барои филиалҳои ИАМШ дар Кӯлоб ва Бохтар, пешгӯиҳои гурӯҳи обуҳавошиносии МАМ бароии аз 9 то 12 соат таъмин карда мешавад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”