DataLife Engine / БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯ ДАР МУЛОҚОТИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ВА ЛИ ТСЯН

БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯ ДАР МУЛОҚОТИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ВА ЛИ ТСЯН

Чин омода аст дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар татбиқи Ташаббус оид ба рушди глобалӣ, Ташаббус оид ба бехатарии глобалӣ ва Ташаббус оид ба тамаддуни глобалӣ мусоидат намояд. Дар ин бора Ли Тсян Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, менависад агентии расмии иттилоотии Чин “Синхуа”. Ёдовар шуд, ки вохӯрии намояндагони воломақоми ду кишвар дар доираи ҷаласаи 22-юми Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли васеъ, дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

 

Таъкид гардид, ки солҳои охир таҳти роҳбарии стратегии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин равобити дуҷониба устувор гардида, ҳамкориҳо натиҷаҳои судманд бахшидааст.

Ҷониби Чин ҳавасмандии худро боз ҳам дар сатҳи баланд бардоштани ҳамкориҳои стратегии ду кишвар дар чаҳорчӯбаи ташаббуси “Як камарбанд — Як роҳ”, истифодаи ҳамаҷонибаи захираҳои саноатӣ, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ, авиатсияи гражданӣ, иқтисоди “сабз” ва иқтисоди рақамӣ ва амиқтар намудани табодули гуманитарӣ, аз ҷумла варзиш, фарҳанг, маориф ва ҳамкориҳои байниминтақавӣ, изҳор намуд.
Дар ин замина бояд таъкид намуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин торафт қави гардида як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим дар ин самт ба имзо расидааст. Протоколи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба робитаи ҳавоӣ аз 9 марти соли 1993, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳавопаймоҳои гражданӣ аз 15 январи соли 2007, Протоколи вохӯрӣ миёни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои ҳаракати ҳавоии маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 29 ноябри соли 2018 ва дигарон аз он ҷумла мебошанд. Дар доираи ҳамкориҳои судманд инчунин кушодани долонҳои нав миёни ду кишвар мулоқоту музокироти сатҳи гуногун гузаронида шуд. Дар чаҳорчӯбаи Форуми  сеюми байналмилалии “Як камарбанд — Як роҳ” ба имзорасии Ёддошти тафоҳум оид ба бунёди муштараки “Роҳи абрешими ҳавоӣ”, қадами устувор дар тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи аваитсия гражданӣ мебошад.

Рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи СММ, СҲШ ва дигар сохторҳо, масъалаҳои муҳими мулоқот буд.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

                                                                                                                               

                                                                                                                       АКС аз Синхуа/ Як камарбанд, Як роҳ

27 окт
Вернуться назад