Дар доираи сафари худ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 22-юми Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Қоҳир Расулзода Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммад Мухбир муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳи мавриди назар, афзоиши савдои мутақобила, фаъол намудани бахши хусусӣ, ҳамкорӣ дар самти бонкдорӣ, доруворӣ, соҳаи тиб, тақвияти бештар додани кори комиссияи байниҳукуматӣ, кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва васеъ намудани парвозҳо ба ҳарду ҷониб ва дигар масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ҳамчунин имкони кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ, бахусус тавсеаи парвозҳо дар ду самт баррасӣ шуданд. Қаблан нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе баргузор шуда буд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”