Ҷиҳати иштирок дар аввалин форуми байналмилалии нақлиётии СҲШ, Ҷаласаи 12-уми вазирони нақлиёти Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Форуми байналмилалии авиатсионии “Aviation and Logistics 2023” ва Намоишгоҳи 19-уми байналмилалии “TransLogistica Uzbekistan 2023”, ки аз санаи 1-ум то 3-юми ноябри соли 2023 дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои нақлиётӣ ва логистикии АМА, Беларус, Гурҷистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Латвия, Литва, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Чин ва Швейтсария ширкат мекунанд.
Ҳадафи асосии иштирок дар ҷорабинии мазкур ба шиносоӣ бо доираи васеи технологияҳо, маҳсулот ва роҳҳои ҳалли ҳамлу нақл тавассути намудҳои гуногуни нақлиёт равона шудааст. Барномаи тиҷоратии чорабиниҳо ҷаласаҳои панелӣ, брифингҳо ва вохӯриҳо бо намояндагони сохторҳои давлатҳои ширкаткунандаро дар бар мегирад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”