Дар натиҷаи талошҳои роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” оид ба таҷдиди таҷҳизот ва технологияи алоқаи авиатсионӣ, дар корхона дар моҳи сентябр шабакаи радиоӣ, ки иборат аз радиостансияҳои Rohde & Schwarz силсилаи S5200VX, мавҷқабулкунакҳои ултра мавҷҳои кутоҳи радиоии S5200VR, мавҷпахшкунакҳои Rohde & Schwarz силсилаи S5200VТ, мавҷпахшкунакҳои мавҷҳои кутоҳи Rohde & Schwarz силсилаи MТ 4100, бо иқтидори 500 Вт, мавҷқабулкунакҳои Rohde & Schwarz силсилаи MR 4100 ба истифода супорида шуд.
Ёдовар шуд, ки мавҷқабулкунакҳои Rohde & Schwarz силсилаи 5200 як унсури такмилёфта ва пурра мукаммалгардидаи шабака мебошанд, ки алоқаи радиоро бо ҳавопаймо тавассути садо ё маълумоти рақамӣ таъмин мекунанд. Имкониятҳои васеътарини идоракунии дурдаст ва мониторинги шабакаи радиоиро фароҳам меоранд.
Махсусан кайд кардан лозим аст, ки ин иқдом боиси боз ҳам баланд шудани сифат ва устувории радио алоқаи авиатсионӣ гардид.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”