DataLife Engine / РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО МУОВИНИ РАИСИ ШУРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ МАҶЛИСИ ФЕДЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ НИКОЛАЙ ЖУРАВЛЁВ МУЛОҚОТ НАМУДАНД

РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО МУОВИНИ РАИСИ ШУРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ МАҶЛИСИ ФЕДЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ НИКОЛАЙ ЖУРАВЛЁВ МУЛОҚОТ НАМУДАНД

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  муовини Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлёвро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад.

Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарламентии ду давлат баррасӣ шуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушди муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Русияро нек арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории давлатҳо оид ба фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.



                                                                                         АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 ноя
Вернуться назад