Бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” таҷдиди технология ва таҷҳизоти аэронавигатсионӣ идома дорад. Бо мақсади рафъи камбудиҳои мавҷудаи алоқа моҳи октябри соли ҷорӣ дар “Манораҳо”-и филиалҳои корхона дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб системаҳои алоқаи овозии VCS 3020x R8 аз ширкати австриягии Frequentis насб ва ба истифода дода шуд.
Қобили зикр аст, ки низоми VCS3020X аз соли 2014 дар шаҳри Душанбе ва аз соли 2015 то инҷониб дар шаҳри Хуҷанд низ чунин система фаъолият мекунад.
Системаҳои алоқаи овозии VCS3020X як ҷузъи асосӣ барои усули мувофиқ ба идоракунии фазои ҳавоӣ мебошад.
Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»