DataLife Engine / НАСБИ ТАҶҲИЗОТӢ НАВИ МАЪЛУМОТДИҲӢ ДАР НАВИГАТСИЯ

НАСБИ ТАҶҲИЗОТӢ НАВИ МАЪЛУМОТДИҲӢ ДАР НАВИГАТСИЯ

ATIS (низоми автоматии иттилоотии терминалӣ) манбаи муҳими иттилоотӣ барои сарнишинон мебошад, зеро системаи мазкур ба экипаж имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро оид ба аэронавигатсия ва вазъи метеорологӣ дар минтақае, ки бояд фуруд оянд ё аз он ҷо парвоз намоянд, зуд ва осон дастрас кунанд. Ин метавонад ба онҳо дар қабули қарорҳои асосёфта барои парвоз ва таъмини амнияти мусофирон ва экипаж мусоидат намояд. Айни замон дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти ATIS ба экипажи ҳавопаймоҳо тавассути радиошунавонӣ бевосита дар минтақаҳои аэродромҳои фурудгоҳҳои байналмилалӣ расонида мешавад. Бо ин мақсад воситаҳои гузоришдиҳии ATIS ва таҷҳизоти радиопаҳнкунандаи истеҳсолкунандагони гуногун истифода мешаванд.

 

Роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо мақсади таъмини бехатарии авиатсионӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҷиҳати модернизиатсия ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири навигатсия кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Дар робита ба ин, дар аввали соли ҷорӣ дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд системаҳои ATIS таҷдид ва бори нахуст дар филиалҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар фурудгоҳҳои Бохтар ва Кӯлоб насб карда шуданд. Таҷҳизоти насбшудаи “Copperchase” инчунин метавонад дар реҷаи D-ATIS, яъне дар реҷаи пахши рақамӣ фаъолият намояд.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

7 ноя
Вернуться назад