КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо мақсади амалӣ намудани яке аз вазифаҳои стратегии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ барои истифодабарандагони ҳарими ҳавоӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ретранслятори алоқа ташкил намуд. Бо назардошти аҳамияти ин минтақа дар амалӣ намудани парвозҳои байналмилалӣ, корхона барои таъмини экипажҳо бо маълумоти зарурии аэронавигатсионӣ чораҳои муҳиму саривақтӣ меандешад.
Вобаста ба ин, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати “ТТ Мобайл” ду канали алоқаи моҳворавиро ба иҷора гирифта, ду мавҷқабулкунандаи мавҷҳои ADS-B, ду радиостансияи алоқаи авиатсионӣ, радиомаяки (радиоминои) масофасанҷи системаи ДМЕ «Selex» ва уқдаи таъминоти мустақили барқро насб гардонид.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”