DataLife Engine / АБАРМАРДЕ ДАР МАЙДОНИ СИЁСАТ

АБАРМАРДЕ ДАР МАЙДОНИ СИЁСАТ

Тоҷикистон. Кишвари офтобии биҳиштосо. Кишвари дорои таъриху тамаддуни пурифтихор. Кишвари айни замон мутараққӣ ва шинохта дар арсаи олам. Кишваре, ки бо заҳмату талоши фарзандони фарзона ва сарсупурда тавонист ном, забон, мақом ва рисолати худро абадӣ нигоҳ дорад. Чун атрофи ташкили як ҷумҳурии мустақил дар қатори дигар ҷумҳуриҳои бародар дар ҳайати Иттиҳоди пурқудрати шӯравӣ сухан мекунем, албатта азобу машаққати  миллати тоҷик дар давраҳои  таърихӣ пеши назар ба ҷилва меояд, вале боз хуни гарми номус дар баданамон ба гардиш меояд.Садое аз ғайб ба гӯш мерасад; Миллати тоҷик дар ягон давру замон забону фарҳанги худ ва мартабаи худро аз даст надодаасту намедиҳад, гарчанде дар муборизаҳои шадиди таърихӣ борҳо талафоти зиёди ҷонӣ додааст. Гарчанде ҳазорон дилаварони таҳамтану баномуси худро дар роҳи мубориза барои аз байн нарафтани номи мубораки тоҷик аз даст дод, вале  пеши касе сар хам кард.

Таърих гувоҳ асту ҳақбин. Намегузорад, ки ягон гузашта аз назари ояндагон пинҳон бимонад. Дар китоби заррини худ ҳама руйдодҳои сарзадаро бо хати зар дар саҳфаҳояш тасвир менамояд. Диловарию қаҳрамониҳои мардуми тоҷик барои дину оин, барои таърих, фарҳанг, санъат ва хоки мардпарвари ин кишвари пурфайз, барои ҳифзи нону нанги хеш хеле зиёд аст, вале он дар давраи соҳиб шудан ба ҷумҳурии мустақил бо номи Тоҷикистон  баръало намоён гардид. Агар Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва даҳҳо ватандӯстони дигар бо талошу ғайрати сиёсӣ  барои соҳибватан шудан талош намуда бошанд, Айни ва ҳамқаламони оташинандеши  дигар бо зӯри сухан садо баланд намуданд, ки   тоҷик  қавм не, миллат аст. Машҳур бо номи тоҷдор ва шикастнопазир.

   

Тоҷикистон ҷумҳурии мустақил буд, вале чамбари ҳаракатро дар ихтиёр надошт, Тақдираш бо дасти Иттиҳоди шӯравӣ навишта мешуд. Аз ин рӯ   на ҳама истеъдодҳо кашф ва дастгирӣ меёфтанд. Падидаҳои кашфшудаи нодиру нотакрор аз қабилӣ Бобоҷон Ғафуров, ва даҳҳо ҳамдаврони ӯ бо машаққатҳои беҳад ба боз кардани парда аз рӯи чеҳраҳои ояндадор ноил мегардиданд. Ношукрӣ аз гузашта  намекунем,  чунки “ношукрӣ аз каф файзро берун менамояд”, -омадааст дар мақоли халқӣ. Шукр мекардем ва маҷбур будем ба шукр кардан, чунки илоҷи дигаре ба ҷуз шукр кардан надоштем. Аммо!

Аммо пайваста дар дил орзуи соҳибистиқлолию озодандешӣ мекардем ва дар ниҳояти кор ба орзуи деринтизор Худованд мушарафамон гардонд. Тоҷикистон дар баробари 15 ҷумҳурии бародари тобеъ ба Иттиҳоди шӯравӣ озодихтиёр гашт. Дар аввали ба вуқуъ омадан Истиқлолияти  саҳлу осон аз ҷониби Худованд расида ба мушкилот рӯ ба рӯ шуд, вале  бо меҳрубонии Кирдгори бузургу мушкилкушо аз он варта ҳам  раҳоӣ ёфт.  Зимоми ин давлати озоду дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро ба дасте вогузошт, ки сидқан ватандӯсту ватансоз аст.

Тоқикистони ба гирдоби балои сиёсӣ афтодаро  абармарди майдони нанг Эмомалӣ Раҳмон дар такя бо халқи фидоию дорои дарки баланд аз вартаи ҳалокат раҳо намуд, гарчанде зери он  ибораи “раҳои” садҳову ҳазорҳо ҷони ҷавон ба гарав рафтанд. Садҳо хона сухт, садҳо писар бепадар , садҳо занон бешавҳар ва садҳо модарон хунҷигар гаштанд.

Фарзанди сарсупурдаву дилогоҳ ва ғамхору ғамшарики миллат Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми давлатдориро дар Тоҷикистони тозаистиқлол ба даст гирифт, ки  мардуми сари калоба гум карда, даруни оташу дуд роҳгум зада буданд ва  ягона роҳи наҷот ёфтанро аз он гирдбод дар фирор кардан аз Ватани ҷонон медиданд. Қисме рафтанд, вале қисми зиёдро ин марди тавонои шири пок хӯрда боздошт ва садо баланд кард: “Истед, оташи ҷангро Худо хоҳад хомуш мекунем, сулҳ мешавад. Бовар дорам, ки сулҳ мешавад..” Ин буд нахуст ваъдаҳои қатъии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи 16-уми шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби мардум бо ҳамовозӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Гузаштаҳо гузашт. Ояндаи нек дар симои ин марди саропо нур падид омад. Он гунае, ки имрӯз мову Шумои азиз бо чашми сар дида истодаем. Туфайли фидокориҳои роҳбари оқилу фозил, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷонисорӣ ва талошҳои пайгирона ӯро ба унвони баланди Пешвои муаззами миллат шарафёб гардонд, Тоҷикистон ба мулки  гулбасару афсонавӣ  мубаддал гардидааст.

Имрӯз дар ҳама самтҳои кишвар сарсабзию пешравиҳои куллӣ ба назар мерасанд. Бунёди шоҳроҳҳои азим, қасрҳо, корхонаву ташкилотҳо, ва даҳҳо мактабу кӯдакистон, коллеҷҷу донишкадаҳо бунёд ва ба фаъолият пардохтанд, ки мисолашро бо чашми сар дидан танҳо хаёл буд. Иморатҳои хуштарҳу замонавӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе, вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар қомат афрохтаанд, Тоҷикистон ва чор гӯшаашро ба гулбоғи назаррабо табдил додаанд.

Бо азму талоши бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари самтҳои зикршуда дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла дар соҳаи  авиатсияи гражданӣ низ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд. Соли оянда ба аввалин хати парвоз ба Тоҷикистон 100 сол пур мешавад. Соҳае, ки дар тулли сад сол  роҳи пурпечутоберо тай намуда, имрӯз бо тамоми олам дар раводид қарор дорад ва ба воситаи болҳои оҳанини тавоно, бо истфода аз таҷҳизотҳои наву замонавӣ ва пуриқтидори киштиҳои кайҳонӣ  дар кушодани гиреҳи мушкилоти мардум мусоидат менамояд.

Мавсуф бояд қайд кард, ки  дар таъмини бехатарии фазои ҳавоӣ, ҳолати хуби пеш аз парвози киштиҳои ҳавопаймоӣ саҳми КВД “Тоҷикаэронавигатсия” назаррас мебошад. Месазад ин ҷо боз аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба некӣ ва қаноатмандӣ ёдоварӣ кард, чунки маҳз талошҳои пайгиронаи ин марди ватандӯст аст, ки айни замон авиатсияи тоҷик дар қатори авиатсияҳои кишварҳои мутараққӣ қарор дорад ва барои парвоз ба самтҳои муҳиму афзалиятнок тамоми шароитҳо муҳаё мебошад.

Имрӯз  ба табрикоти мардуми кишвар, ки якдилона Рӯзи Президентро таҷлил намуда истодаанд, кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳам шарик гашта, ба Пешвои муаззаму дардошно  пеш ҳама сиҳатии комил, фазои солим ва барору бурдбории аз пештара бештар дар кори муҳиму пурмасъули роҳбарӣ таманно менамоем.

Шумо, Президенти муҳтарам ҳамеша ғамхори халқ ҳастед. Бигузор Худованди муттаъол ғамхору дастгири Шумо бошанд!

   

Сармутахассиси маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

Иброҳимзода М.

15 ноя
Вернуться назад