Арзанда ба унвон
Вакте ки Ватан печидаи дарду бало буд,
Вакте ки Ватан печидаи ранҷу ҷафо буд.
Вақте ки ба девори Ватан санг ҳамерехт,
Вақте ки самои Ватан аз дуд сиё(ҳ) буд.
Вақте ки дили мардуми кишвар пури мотам,
Вакте ҳама раҳгумзадаи бесару по буд.
Бо хости Худованд яке шуъла барафрухт.
Як шуъла, ки дар рушанӣ чун шеди само буд.
Он шуъла ту будӣ, ки натарсида дурахшон,
Гаштӣ ба шаби тираи он мардуми сарсон.
Малҳам ба дили халқ шудӣ он даму гуфтӣ:
“-Меоварам ман сулҳ, натарсед азизон!”
Дар пайравӣ бо Рустаму Суҳроби музаффар
Бо қуввати мардони қавиазму диловар.
Монанди Сиёвахш даромехтӣ ба оташ,
То мардуми раҳгум намояд ба ту бовар.
Аз коми алов омадӣ берун ту саломат,
Бо покизагӣ, бо қадами росту адолат.
Мардум зи нигоҳи ту биомӯхт ҳақиқат,
Бинмудӣ раҳо мардуми кишвар зи ҷаҳолат.
Омад ба Ватан ҳар нафаре буд фирорӣ,
Озод зи неши сухан, озод зи хорӣ.
Боз аз сари нав лона ба умед намуд тарҳ,
Санҷобаки бигрехта зи гургони шикорӣ.
Обод намудӣ, дару девори Ватанро,
Шодоб намудӣ ҳама боғоту чаманро,
Фирдавси барин кардӣ ба олам дили кишвар,
Ҳайратзада бинмудӣ пушаймон рӯбаҳонро.
Фарзанди ватандӯсту ватансози бағайрат,
Унвони баланди ПЕШВО бод ҳалолат!
Гӯянд, ки шоҳ сояи Аллоҳи бузург аст,
Аллоҳ бувад дар ҳама ҷо пушту паноҳат!
Иброҳимзода Муҳаббат
Сармутахассиси маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”