Роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҷиҳати ҷорӣ намудани воситаҳои автоматикунонӣ ва технологияҳои нави таъмини хизматрасонии метеорологӣ тамоми чораҳои заруриро андешида роҳҳои самаранокӣ ва эътимоднокии дастрасии маълумоти метеорологиро баланд мебардорад, ки ба воҳидҳои ХҲҲ, экипажҳои нақлиёти ҳавоӣ ва дигар истифодабарандагониавиатсия пешниҳод мегардад.
Бомақсади такмил додани малакаи мутахассисониметеорологии корхона ҳамасола кормандон ба семинар ва омӯзиши фосилавӣ ҷалб мегарданд. Дар ин раванд соли 2023 дар Донишкадаи такмили ихтисосикормандон ва мутахассисони роҳбарикунанда дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия 9 нафар мутахассисониметеорологӣ, аз ҷумла 2 нафар муҳандис-метеоролог ва 7 нафар техник-метеорологҳои гурӯҳи Нуқтаҳои асосии муроқиба (НАМ) бомуваффақият таълим гирифта, дорои сертификат шуданд.
Гуфтанба маврид аст, ки айни ҳол дар донишкадаи номбурда 3 нафар техник-метеорологҳои гурӯҳи Нуқтаҳои асосии муроқиба (НАМ)-и филиалҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб дар мавзӯъҳои «Таъминоти метеорологии авиатсионӣ, мушоҳида дар аэродромҳо мутобиқи стандартҳои тахассусии Ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ» таҳсили фосилавӣ доранд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”