DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сафарзода Дилшод Файзалӣ - Директори Агентӣ, Набизода Азиз Абдусамад - муовини Директори Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахши Агентӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

***

Ширкати “Аэрофлот” фуруши чиптаҳоро дар масирӣ Красноярск-Пекин оғоз намуд.

***

Аз 1-уми феврали соли 2024 ширкати ҳавопаймоии Малайзия “Air Asia X” дар масири Куала-Лумпур - Алмаато бо 4 парвоз дар як ҳафта (рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе, шанбе ва якшанбе) парвозҳоро ба Қазоқистон оғоз менамояд.

***

Дар доираи намоишгоҳи “Dubai Airshow-2023” ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон “SCAT” барои “737 MAX” фармоиши иловагиро ирсол намуд. Дар баромади худ роҳбари ширкат изҳор намуд, ки ҳавопаймои мазкур ба ширкати “SCAT” дар васеъ намудани хизматрасонӣ мусоидат менамояд.

***

Ширкатҳои “Singapore Airlines” ва “Philippine Airlines” созишнома оид ба мубодилаи рамзҳоро ба имзо расонидаанд.

***

Ширкати “Air Baltic” аз 22-юми ноябри соли 2023 шарикии мубодилаи рамзҳоро бо “Delta Air Lines” оғоз менамояд, ки робитаи бефосила миёни Амрикои Шимолӣ ва Балтикаро мекушояд. Дар доираи ҳамкории нав “Delta Air Lines” рамзҳои худро дар 20 масири парвози “Air Baltic” ба се минтақа Рига, Таллин ва Вилнюс ҷойгир менамояд. 

***

Ширкати “Red Wings Airlines” аз 15-уми ноябр парвозҳоро аз Челябинск ба Тбилиси (Гурҷистон) оғоз намуд.

**

Ширкати “Nordwind” соли оянда аз фурудгоҳи Омск ба Махачқалъа парвозҳои мустақимро оғоз менамояд.

***

Тақвияти дифои ҳавоӣ имкон медиҳад, ки яке аз фурудгоҳҳои Украина кушода шавад, гуфт роҳбари дафтари президенти Украина Андрей Ермак зимни суханронӣ дар Донишкадаи Ҳудзон дар Вашингтон. Аммо мушаххас нашудааст, ки кадом фурудгоҳ фаъолияти худро барқарор менамояд.

***

Ширкати “NordStar Airlines” фурӯши чиптаҳоро аз 15-ум  то 17-уми ноябри соли 2023 оғоз намуд. Чиптаҳо барои санаҳои парвоз аз 15-уми ноябри соли 2023 то 29-уми феврали соли 2024 харидори намудан мумкин аст, ки барои парвозҳо аз Красноярск, Масква, Норилск, Екатеринбург, Махачқалъа ва дигар шаҳрҳоро дар бар  мегирад.

***

Ширкатҳои “Saudia Technic” ва “Lufthansa Technik” шартномаи даҳсолаи “Total Component Support (TCS)”-ро имзо намуданд, ки ба хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо дар Арабистони Саудӣ нигаронида шудааст.

***

Ширкати “China Southern Airlines” парвозҳоро дар Гуанчжоу-Крайстчерч санаи 10-уми ноябр барқарор намуд.

***

Flydubai, ширкати ҳавопаймоии Дубай ва CFM International (корхонаи муштараки ширкати фаронсавии Snecma ва ширкати амрикоии GE Aviation) барои хизматрасонии 222 муҳаррики LEAP-1B барои Boeing 737-8/-9 созишнома ба имзо расониданд. Созишномаи мазкур иваз намудани муҳаррикҳоро низ дар бар мегирад.

***

Ширкати  “Emirates” нақшаҳои сармоягузории худро барои сохтмони як иншооти муосири муҳандисӣ дар Dubai World Central (DWC) муаррифӣ намуд, ки арзиши он 950 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Маҷмааи муҳандисии мазкур масоҳати 1 миллион метри мураббаъро дар бар гирифта, бузургтарин иншоот дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин на танҳо ӯҳдадории Emirates-ро ба муваффақият тақвият медиҳад, балки инфрасохтори авиатсионии Дубайро ба қуллаҳои нав мерасонад.

***

Ширкати “Air Japan” оғози парвозҳоро дар масири Нарита-Инчон эълон намуд. Санаи оғози парвоз байни Фурудгоҳи Байналмилалии Токио Нарита ва Фурудгоҳи Байналмилалии Инчони Кореяи Ҷанубӣ 22-юми феврали соли 2024 аст ва масири дуввуми ин ширкат хоҳад буд.

***

 

(Манба: avianews.com, Агентии авиатсияи граждании назди ҲҶТ, Aviation Explorer, Aviation Source News, AVIA.RU, Air Baltic, )

16 ноя
Вернуться назад