Ширкати “Air Astana” соҳиби ҷоизаи навбатии Ассотсиатсияи APEX дар номинатсияи “Беҳтарин системаи фароғатӣ” ва “Беҳтарин хизматрасонӣ дар парвоз”-ро сазовор гардид.
***
Ширкати “China Eastern Airlines” парвозҳоро аз маркази Пудуни Шанхай ба Қоҳира оғоз менамояд, ки ин аввалин вуруди ширкат ба бозори Африқои Шимолӣ ба ҳисоб меравад.
***
Ба истифода додани маҷмааи фурудгоҳи нави фурудгоҳи Петропавловск-Камчатский то охири соли 2024 пешбинӣ шудааст.
**
Масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар форуми байналмилалии Каспий иброз намуданд, ки фурудгоҳи “Паём”-и Эрон омода аст, ки ба маркази ҳавоии интиқоли борҳои транзитӣ аз Федератсияи Россия дар чаҳорчӯбаи васеъ намудани долони байналмилалии нақлиётии Шимолу Ҷануб мусоидат намояд.
**
Маҷаллаи амрикоии “Forbes” раддабандии худ рӯйхати 20 беҳтарин ширкати ҳавопаймоиро барои парвоз аз Россия ба хориҷи кишвар таҳия намудааст. Тибқи ин раддабандӣ ширкати “Аэрофлот” дар ҷои аввал мебошад.
**
Ширкати ҳавопаймоии “iFly” дар баҳори соли 2024 парвозҳои мустақимро аз Хабаровск ба Сочи барқарор менамояд.
***
Ширкати ҳавопаймоии “Premium Beond” аввалин парвози тиҷоратии худро байни Мюнхен ва Малдив анҷом дод.
**
Ширкати ҳавопаймоии буҷавии “Wizz Air” парвозҳоро ба пойтахти Молдова - Кишинёв рӯзи 14-ум декабр барқарор намуд, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти фурудгоҳи Молдова. Ширкат барқарор намудани се хатсайр, Кишинёв-Лондон, Кишинёв-Милан ва Кишинёв-Римро пешбинӣ менамояд. “Wizz Air” ҳафтае се маротиба ба Лондон ва ҳафтае ду маротиба ба Рим ва Милан парвоз мекунад.
**
Таҳиягари ҳавопаймоҳои барқии амрикоӣ “Overair” бо мақомоти Техас оид ба хизматрасонии таксиҳои ҳавоӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Даллас-Форт Уорт ва шаҳри Арлингтон ҳамкорӣ менамояд.
**
Ширкати “Japan Airlines” се таҳиягари муҳаррикҳои пешрафта, - H2FLY, Universal Hydrogen ва ZeroAvia-ро барои омӯхтани имкониятҳои авиатсияи минтақавӣ бо гидроген ҷалб менамояд.
**
Оператори чархболҳои Дубай “Air Chateau” эълон намуд, парки таксиҳои барқии ҳавоиро аз ширкати “Archer Aviation” дастрас намояд.
***
Ширкати “Emirates” ба ширкати “Airbus” дархостро барои 15 ҳавопаймои A350-и иловагӣ ирсол намуд, ки шумораи умумии ин ҳавапаймоҳои ширкат ба 65 адад мерасад.
**
(Манба: avianews.com, Aviation Source News, AVIA.RU, Emirates, Flight Global Simple Flying)