DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Ширкати “Сомон Эйр” Оинномаи роҳбариро дар соҳаи бехатарии IATA имзо намуд ва ба ин васила ба зиёда аз 20 ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон ҳамроҳ шуд. Маросими имзои Оиннома рӯзи 14-уми ноябри соли ҷорӣ дар Амстердам дар чаҳорчӯби форуми “Wings of Change Europe 2023”-и Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) баргузор шуд. Ҳадафи ин ҳуҷҷат таҳкими фарҳанги бехатарии ташкилот тавассути риояи ҳашт принсипи асосии роҳбарии бехатарӣ мебошад.

***

 Фурудгоҳи Байналмилалии Нурсултон Назарбоев раванди таҷдиди сертификати RA3 (Agents Regulated Agents Third Country) -ро ба анҷом расонд, ки ҳадафи асосии ташкили соддагардонидашудаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо мебошад. Тамдид то санаи 16-уми октябри соли 2026 пешбинӣ шудааст.

***

17-уми ноябри соли 2023 “Рӯйхати идҳои касбӣ” аз нав тасдиқ карда шуд, ки тибқи он 1-уми феврал Рӯзи кормандони авиатсияи граждании Қазоқистон ҷашн гирифта мешавад, хабар медиҳад Zakon.kz.

***

Дар вилояти Самарқанд як чархболи Ми-8-и вазорати дифои Ӯзбекистон дар як тамрингоҳ суқут намуд, ки дар натиҷа сарнишинон ҳалок шуданд. Ин ҳодиса рӯзи ҷумъа дар тамрингоҳи Каттақӯрғон рух дод. Чархболи мазкур ба фармондеҳии нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ ва нерӯҳои ҳавоӣ тааллуқ дошт.

***

Ширкати “Аэрофлот” бо Ассотсиатсияи хадамоти сайёҳии Чин ва Ассотсиатсияи байналмилалии сайёҳии Россия “Ҷаҳони бидуни сарҳад” ёддошти сеҷониба ба имзо расонд. Имзои санад дар чаҳорчӯби Ассамблеяи генералии Алянси ҷаҳонии сайёҳӣ, ки аз 14-ум то 17-уми ноябр дар шаҳри Ханчжоу (ҶХД) ҷараён дошт, сурат гирифт.

***

Фурудгоҳи Брисбен (18 ноябри соли 2023) ифтитоҳи  парвози ҳавопаймоии China Southern Airlines-и Гуанчжоу ба Брисбенро истиқбол кард, ки ин 28-умин самти байналмилалии мустақими фурудгоҳ мебошад.

***

Аз 7-уми декабр сар карда, ширкати ҳавопаймоии China Southern Airlines парвозҳоро байни Вуҳан ва Каошюн оғоз мекунад, ки ҳар рӯзи панҷшанбе ба нақша гирифта шудааст.

***

Ширкати ҳавопаймоии “Россия” аз 1-уми январ парвозҳоро аз Красноярск ба Челябинск оғоз мекунад.

***

Ширкати “Nordwind Airlines” шарики Форуми V байналмилалии мунисипалӣ BRICS+ гардид. Ширкат бо BRICS+ оид ба принсипҳои асосии ҳамкорӣ шартнома имзо намуд.

***

Муҳаррики “Ангара” барои озмоиши парвоз пешниҳод гардид.

***

Ҳавопаймои ширкати туркии Sunexpress аз Париж ба Измир бидуни 30 мусофир ва як сарнишин парвоз кард. Дар ин бора портали Airporthaber хабар додааст. Ҳавопаймо ҳоло дар Измир қарор дорад, аммо ширкати ҳавопаймоӣ то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

***

Ширкати “Turkish Airlines” 15-умин Airbus A350-900-ро дастрас намуд.

***

(Манба: Somon Air, Aviation Explorer, AVIA.RU, Simple Flying, China Southern Airlines, Zakon.kz)

 

20 ноя
Вернуться назад