DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Системаи миллии Чин “Beidou” аз ҷониби ИКАО эътироф шудааст ва ба системаи универсалии навигатсионии моҳворавӣ барои парвозҳои гражданӣ дар саросари ҷаҳон табдил ёфтааст. Мувофиқи маълумоти Идораи авиатсияи граждании Чин, таҳияи система, ки 56 моҳвораи ҷаҳонии ҷойгиршавиро дар бар мегирад, дар соли 2020 анҷом дода шудааст. Вазири саноат ва технологияҳои иттилоотии Чин зимни як нишаст арз дошт, ки “Beido” аллакай соли гузашта ба бозори дохилӣ беш аз 140 миллиард юан саҳм гузоштааст.

***

Зиёда аз 240 сарнишинони ширкати “Air Astana” аллакай омӯзиши тадрибгоҳии (симулятор) Reality Seven-ро, ки дар Маркази омӯзиши парвозҳои Остонаи ин ширкат дар аввали тирамоҳи соли ҷорӣ насб шудааст, анҷом доданд. Симулятори L3 Harris дорои кабинаи сайёри ҳавопаймо мебошад, ки ҷанбаҳои гуногуни парвозро бо дараҷаи баландтари воқеият месанҷад.  

***

Интизор меравад, ки ширкати ҳавопаймоии “China Airlines”, воқеъ дар Тайбей, боз панҷ ҳавопаймои боркашии худ Boeing 747-400-ро ба фурӯш гузорад.

***

Ширкати “Аэрофлот” барои давараи ҷашнҳои соли нав аз Москва ва Санкт-Петербург ба Калининград 67 парвози иловагиро ҷорӣ намуд.

***

Масоҳати фурудгоҳи Храброво дар соли 2025 25 фоиз васеъ карда мешавад.

***

Ширкати “Белавия” аз Гомел (Беларус) ба Москва парвози иловагиро ба роҳ монд.

***

Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Россия шаҳодатномаи таҳиягари техникаи авиатсионии “Победа”-ро боздошт. Мувофиқи иттилоои масъулин бекор намудани шаҳодатномаи мазкур ба бехатарии правозҳо таъсир намерасонад.  

***

Ҳаҷми мусофирон дар ҳавопаймоҳои “UTair Group” дар давоми 10 моҳ 9,8 фоиз афзуд.

***

Таиланд тасмим гирифт, ки иқтидори парвозҳоро дар кишвар афзоиш диҳад, зеро нӯҳ ширкати ҳавопаймоии нав барои оғози парвоз иҷозат гирифтанд.

***

Санаи 20-уми ноябри соли ҷорӣ ширкати “Emirates” ба консорсиуми таҳқиқотии Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба технологияҳои барқароршавандаи сӯзишворӣ ва рушднамуда (Air-CRAFT) ҳамроҳ шуд. Консорсиум аз ҷониби Вазорати энергетика ва инфрасохтори АМА ва Идораи умумии авиатсияи гражданӣ дастгирӣ карда мешавад ва ҳашт узви муассисро дар бар мегирад: ADNOC, Boeing, Emirates, ENOC Group, Etihad Aviation Group, Honeywell, Донишгоҳи Халифа ва Масдар. Air-CRAFT ҷонибҳои манфиатдори занҷираи арзиш, аз ҷумла намояндагони истеҳсолкунандагони саноатӣ, танзимгарони авиатсионӣ, истеҳсолкунандагони сӯзишворӣ, олимон ва муҳаққиқон, истеҳсолкунандагони ҳавопаймоҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоиро муттаҳид менамояд.

***

Ширкати “ЮВТ Аэро” дар моҳи январ парвози мустақимро аз Томск ба Самара оғоз менамояд.

***

Ширкати “Emirates” дар тӯли даҳ соли оянда сармоягузории худро  барои ҳавопаймои Airbus A380-ро ду баробар афзоиш медиҳад. Ин иқдом ба нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ ва эътимоднокии ҳавопаймоҳои Emirates нигаронида шудааст.

***

Яке аз маъруфтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон Фурудгоҳи Байналмилалии Абу Дабӣ, моҳи феврали соли оянда расман номи худро ба Фурудгоҳи Байналмилалии Зайд (Zayed International) иваз менамояд.

***

(Манба: Aviation Explorer, Aviation Source News, AVIA.RU, Simple Flying, Air Astana)

22 ноя
Вернуться назад