Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ширкатҳои гуногуни соҳа роҳбари КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода таҷдид ва модернизиатсияи система ва таҷҳизотҳои аэронавигатсиониро ба роҳ монда, ба бозомӯзӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба низ диққати махсус медиҳад, ки ин ба раванди амалӣ гардидани “Лоиҳаи рушди иқтидор оид ба татбиқи навигатсия дар асосӣ хусусиятҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” замина гузошт.
Илова бар он таҳти роҳбарии дурбинонаи роҳбарияти корхона имрӯз ҳамкории байналмилалӣ вусъати тоза пайдо намуда, дар ҳошияи татбиқи лоиҳа аз ҷониби мутахассиси Ҷопонӣ Ватанабе Хидео аз 7-ум то 10-уми ноябр ба танзимгарони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шаҳри Душанбе ва аз 13-ум то 17-уми ноябри соли 2023 дар филиали корхона дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши назариявӣ гузаронида шуд. Мақсади омӯзиши мазкур шиносоии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ бо расмиёти нави парвоз ва ҷорӣ намудани консепсияи PBN мебошад, ки онро дар доираи татбиқи лоиҳа танзимгарони ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” таҳия намуданд. Ҳамин тариқ, омӯзиш ба татбиқи самараноки расмиёти нави таҳияшудаи парвоз мусоидат мекунад. Бояд қайд намуд, ки ин расмиёти нави парвоз аз соли 2024 пас аз тасдиқ мавриди истифода қарор мегирад.
“Лоиҳаи рушди иқтидор оид ба татбиқи навигатсия дар асосӣ хусусиятҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи созишномаи байни КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, JICA ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ карда мешавад, ки он дар беҳтар намудани хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”