Ширкати “Аэрофлот” дар давраи пеш аз ид ва таътили солинавӣ аз Москва ба Владивосток, Хабаровск, Южно-Сахалинск, Петропавловск — Камчатский ва Магадан 42 парвози иловагиро ҷорӣ менамояд. Илова ба ҷадвали мавсимии ҷорӣ аз 25-уми декабри соли 2023 то 8-уми январи соли 2024, ширкати ҳавопаймоӣ 7 парвози иловагиро ба Владивосток, 14 ба Хабаровск, 11 ба Южно-Сахалинск, 8 ба Петропавловск-Камчатскӣ, 2 ба Магадан илова намуд.
***
Сафири нави Покистон дар Россия иттиллоъ дод, ки Россия ва Покистон оиди роҳандозии парвозҳои мустақим талош доранд.
***
Дар мавсими тирамоҳу зимистон ширкати ҳавопаймоии “Utair” парвозҳоро ба осоишгоҳҳои машҳури Россия - Сочӣ ва Минералние Водӣ идома медиҳад.
***
Номзадҳо барои кайҳоннавардон, ки барои “Роскосмос” интихоб шудаанд, дар рафти омодагии умумии кайҳонӣ аз омӯзиши зеҳни сунъӣ мегузаранд. Бинобар иттилоои роҳбари марказ зеҳни сунъӣ дар таълими кайҳоннавардҳо беш аз пеш истифода мешавад ва кайҳоннавард ҳамчун коршиноси касбӣ бояд доир ба зеҳни сунъӣ маълумот дошта бошад.
***
“Ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд парвозҳоро ба Индонезия ва Филиппин оғоз намоянд” – иброз намуд Вазири нақлиёти Россия.
***
Ширкати “Armenian Airlines” аз санаи 5-уми декабр парвозҳои мустақимро ба Минералние Водӣ оғоз мекунад.
***
Ширкатҳои “Boeing” ва Кореяи Ҷанубӣ имкони истеҳсоли ҳавопаймои бесарнишини HALE-ро меомӯзанд.
***
Ширкати “Japan Airlines” ва ширкати логистикии “Yamato Holdings” аввалин ҳавопаймои боркаши Airbus A321-и худро (A321P2F) дастрас намуданд ва амалиёти боркашонии дохилиро дар моҳи апрели соли 2024 оғоз менамоянд.
***
Ширкати “IndiGo” созишномаи мубодилаи рамзҳои ширкати “Turkish Airlines”-ро ба кишварҳои шимолӣ тамдид менамояд. Созишномаи мазкур парвозҳоро ба Хелсинки, Стокголм ва Осло низ дарбар мегирад.
***
Ширкатҳои “Air India” ва “IndiGo” харидории қисматҳои ғайримуқаррарии истеҳсоли Ҳиндустонро пешбинӣ менамоянд. Ин ба ширкатҳо имкон медиҳад, ки вақти таҳвил сарфа шавад.
***
Панҷ рӯз пеш дар шабакаҳои махсуси телеграмии нақлиёти ҳавоӣ дар бораи бархӯрди автобусу ҳавопаймо дар фурудгоҳи Тошканд маълумот пайдо шуд. Санаи 22-юми ноябр “Uzbekistan Airways” вобаста ба ин иттилоо дод: “17 ноябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд пас аз парвози Урганч – Тошканд мутахассисони “Uzbekistan Airways” ҳавопаймои Airbus 320-ро барои парвози навбатӣ омода мекарданд. Ронандаи автобус қоидаҳои ҳаракатро дар ҳудуди аэродром вайрон намуда, бо ҳавопаймо бархӯрд ва ба қисми пеши ҳавопаймо зарар расонд. Мутахассисони ширкати “Uzbekistan Airways Technics” корҳои таъмириро анҷом доданд. 18-уми ноябр ҳавопаймо тибқи нақша парвозро барқарор намуд”.
***
Маъмурияти федералии авиатсияи ИМА ба ширкати “Boeing” иҷозат дод, ки барномаи санҷиши парвози ҳавопаймои 737 Max 10-ро оғоз намояд. Ин ба ширкат имкон медиҳад, ки раванди ниҳоии гирифтани шаҳодатномаи ҳавопайморо ҷоннок намояд.
***
Ширкати “BAA Training”-и Лаҳистон розигии худро барои харидории 48 ҳавопаймои Cessna Skyhawks-ро аз ширкати Textron Aviation эълон намуд, ки таҳвили он дар соли 2026 пешбинӣ шудааст.
***
Афзоиши талабот аз ҷониби Чин барқарорсозии Фурудгоҳи Байналмилалии Сиднейро ҷоннок намуд.
***
Аввали моҳи ноябр, ширкати “Singapore Airlines” илова кардани панҷумин парвози ҳаррӯзаи байни Сидней ва Сингапурро эълон намуд. Аз 28-уми ноябр ширкати “China Eastern Airlines” ҳар ҳафта се парвозро байни Сидней ва Ҷинан дар шарқи Чин анҷом медиҳад. Бори аввал аст, ки ин масир бидуни таваққуф пешниҳод карда мешавад. Ширкати “China Eastern Airlines” низ дар моҳи ноябр парвозҳоро аз Сидней ба Ханчжоу барқарор кард. То охири моҳи ноябр нӯҳ ширкати ҳавопаймоӣ аз фурудгоҳи Сидней мустақиман ба 14 шаҳри Чин парвоз хоҳанд кард.
***
Интиқолдиҳандаи нави Мексика “Mexicana de Aviación” санаи оғози фаъолияти худро ба таъхир гузошт, ки эҳтимол сабаби лағви 20 хатсайри дохилӣ гардад.
***
Ширкати “South African Airways” парвозҳоро ба Малави бо далели мушкилоти иқтисодӣ дар ин кишвар, аз ҷумла беқурбшавии пули миллӣ ва афзоиши маблағҳои басташуда ба таъхир мегузорад.
***
Тасдиқ шудааст, ки фурудгоҳи Байналмилалии Буффало Ниагара дар Фолс дар пайи ҳодиса дар сарҳадии ИМА ва Канада баста шудааст. Манбаъҳо мегӯянд, ки маъмурияти федералии авиатсия дар чанд лаҳзаи охир инро ба шабаки “CNN” тасдиқ кардааст.
***
Ширкати ҳавопаймоии миллии Малайзия “Malaysia Airlines” аввалин ҳавопаймои Boeing 737-8-ро расман дастрас намуд. Пас аз парвози беш аз 21 соат, ҳавопаймо дар аввали ҳамин ҳафта ба фурудгоҳи байналмилалии Куала-Лумпур расид.
***
Ширкати “Turkish Airlines” ҳузури худро дар Амрикои Шимолӣ тавассути илова намудани парвоз ба Детройт ҳамчун 13-умин масир боз густариш дод. Ширкат хатсайри нави худро ба Детройт дар санаи 15-уми ноябри соли 2023 муаррифӣ кард, ки ин иловаи ниҳоӣ дар масири мазкур маҳсуб мешавад.
***
Истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои Бразилия “Embraer” қатъ шудани созишномаи чаҳорчӯбаи муомилоти қарзиро эълон намуд. Ҳадафи ин система ба муштариёни худ дар хариди ҳавопаймо бо дастгирии UK Export Finance UKEF мебошад.
***
Ширкати “Air Lease Corporation (NYSE: AL)” аввалин ҳавопаймои нави Airbus A321-200neo-ро ба LATAM Airlines интиқол дод. Ин A321-200neo аввалин ҳашт ҳавопаймои нави Airbus A321 мебошад.
***
Фурудгоҳи Чанги барои мусофироне, ки ба Сингапур парвоз менамоянд, иҷораи ройгони дучарха (велосипед)-ро пешниҳод менамояд.
***
(Манба: Aviation Explorer, Aviation Source News, AVIA.RU, Simple Flying, ТАСС)