DataLife Engine / БОЗДИДИ ШАРИКОНИ ЧИН АЗ ФАЪОЛИЯТИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

БОЗДИДИ ШАРИКОНИ ЧИН АЗ ФАЪОЛИЯТИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

Санаи 6-уми декабри соли 2023 намояндагони мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ҷиҳати иштирок дар 4-умин нишасти техникии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-и Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ва ҳамоҳангсозии Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, дар ҳамроҳи бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин аз КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дидан намуданд.

     

Бо роҳбаладии роҳбарият ва мутахассисони корхона меҳмонон бо ҷараёни кору фаъолияти ҳамаи ҷабҳаҳои навигатсионӣ, аз ҷумла аз манораи нави назоратӣ-танзимнамоӣ, маркази таъминоти радиотеникӣ, бахши шаҳрвандии маркази асосии низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, маркази хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, тадрибгоҳи муназзимии манора, утоқи дастгоҳи фаннӣ ва дигар марказҳо дидан намуда, ҳамчунин бобати боз ҳам густариш бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба суҳбатҳои хоса доир намуданд. 

   

Ҳамгоми муаррифи ёдовар гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи замонавии танзими сарнишинии идоракунии ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” санаи 27-уми июни соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, бинои Раёсати идоракунии ҳаракати ҳавоӣ бо техника ва таҷҳизотҳои замонавӣ пурра таъминанд. Манора дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти нақлиёти ҳавоӣ ба шумор меравад ва мутобиқ ба меъёру талаботҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шудааст. Инчунин таъкид гардид, ки бо ташаббуси роҳбарияти корхона ба модернизатсияи таҷҳизотҳои соҳа диққати махсус равона гашта, марҳила ба марҳила техника ва таҷҳизотҳои хизматрасонии аэронавигатсионӣ таҷдид мегарданд.

        

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизотҳои кории манораи назоратӣ-танзимнамоӣ аз ширкатҳои бонуфузи истеҳсолии Аврупо буда, ҳайати назоратчиёну танзимгарони парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамоянд.

               

Муассир ва пурмаҳсул сипарӣ  гаштани боз як рӯзи сафар, қаноатмандӣ ва хушҳолии меҳмонон, аз он шаҳодат медод, ки барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди оянда бо дӯстони тоҷик ҳамаҷониба омодаанд.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

6 дек
Вернуться назад