Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ДАРВОЗ

САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ДАРВОЗ
18

Чоп кардан

14 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз аз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Корея» дидан намуданд.

Масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гӯшти моҳӣ дар як сол мебошад. Ҳавзҳои калони хоҷагӣ ҳоло қариб 100 ҳазор моҳӣ доранд. Озмоишгоҳи хоҷагӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияи истеҳсоли Ҷумҳурии Корея таъмин буда, раванди тухммонӣ ва вазнгирии моҳичаҳо тавассути 30 ҳавзи даврашакл идора мешавад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ бо шароити озмоишгоҳ ба кори кормандон ва муассисони хоҷагӣ баҳои баланд доданд.

 
14 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд.

Пас аз ифтитоҳи Академия Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Фестивали футболи кӯдакона иштирок намуданд, ки дар он футболбозони наврас маҳорати баланд нишон дода, шоҳиди як чорабинии ҷолиби варзишӣ гардиданд.

Ҳамчунин Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо инфрасохтори маҷмааи нави варзишӣ ва шароите, ки барои омодасозии футболбозони ҷавон фароҳам оварда шудааст, шинос шуданд.

Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Дарвоз дорои ду майдони футбол бо алафи сунъӣ – болопӯшида ва кушода мебошад, ки барои баргузории тамринҳо ва машғулият дар шароити гуногуни обу ҳаво имкон фароҳам меорад.

Дар ҳудуди маҷмаа ҳамчунин бинои маъмурӣ бунёд гардидааст, ки дар он маҷмааи истиқоматӣ барои будубоши тарбиятгирандагон, ошхона ва толори варзишӣ пешбинӣ шудаанд.

Ифтитоҳи Академияи футбол қадами муҳим дар рушди футболи кӯдакону наврасон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад. Бунёди инфрасохтори муосири варзишӣ ба футболбозони ҷавон имкон медиҳад, ки маҳорати худро такмил дода, сатҳи омодагиашонро баланд бардоранд ва иқтидори варзишиашонро боз ҳам рушд диҳанд.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» шинос гардида, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои милливу маҳаллӣ боздид намуданд. 

Иброз гардид, ки комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, дар зиёда аз 2 гектар бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалӣ сохта шудааст.

Дар комплекси сайёҳӣ 10 хонаи истиқоматӣ ва дигар таҷҳизоти солимгардонӣ ворид ва насб шуда, дастгоҳу таҷҳизоти дохили он бо ишора идора карда мешавад.

Тибқи маълумот, ҳоло дар ноҳияи Дарвоз зиёда аз 160 иншооти таърихиву сайёҳӣ ва хизматрасонӣ фаъолият дошта, шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ин минтақа дидан менамоянд.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Қалъаи Хумби Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд. 

Сохтмони варзишгоҳи болопӯшида дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ моҳи июни соли 2026 оғоз ёфта, моҳи октябри соли 2026 бо риояи талаботи сатҳи байналмилалӣ ба анҷом расид.

 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд. 

Ин макони зебову диданӣ яке аз ҷойҳои писандидаи сайëҳони дохилию хориҷӣ маҳсуб шуда, шаршара ва гулу дарахтони зебои ин мавзеъ диққати бинандагонро ҷалб месозанд.

 

 АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

1 Comment

  • lenagregorcic

    Wow, that is just amazing!

Write a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *