ТАЪРИХ
Таърихи ташаккули хадамоти танзими ҳаракати ҳавоӣ ё аэронавигатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалин парвози ҳавопаймо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Бешубҳа, ин ибтидои фаъолияти авиатсионӣ дар ҷумҳурӣ арзёби мешавад. Таърихи авиатсия ё аэронавигатсия аз соли 1921 оғоз мегардад, зеро таъсис ва рушди аэронавигатсия дар қаламрави собиқ Тоҷикистони шӯравӣ аз 17 январи соли 1921, аз санаи нашри ҳуҷҷат бо имзои В.И. Ленин “Оид ба ҳаракати ҳавоӣ дар фазои ҳавоии ҶШФСР ва дар минтақаи обии он” сарчашма мегирад. Ҳуҷҷати мазкур аввалин санади расмии танзимкунандаи ташкили алоқаи ҳавоӣ дар кишвари ҷавони шӯравӣ маҳсуб меёфт.
Дар ибтидои ташаккули авиатсияи гражданӣ парвозҳо ба таври визуалӣ амали мешуданд, зеро фосилаи ҳаракати тайёра аз замин чандон баланд набуд. Дар он вақт экипажи ҳавопаймоҳо аз ӯҳдаи парвозҳои масир мустақилона мебаромаданд. Бо назардошти шумораи ками ҳавопаймоҳо зарурати таъсиси Хадамоти махсуси идоракунии марказонидашудаи парвозҳо аз замин вуҷуд надошт. Баъдан дар баробари зиёд шудани шумораи парвозҳо зарурати таъсиси чунин хадамот, ки бо истифода аз дастовардҳои техникии ҳамон ҳаракати тайёраҳоро тавассути хатсайрҳо танзим мекард, ба миён омад.
Акнун, новобаста аз таҷриба ва кордонӣ барои экипаж мустақилона идора кардани ҳавопаймо мушкил буд ва хатарҳои зиёдро дар пай дошт.
Танҳо хадамоти махсуси авиатсионӣ метавонист пайдарпаӣ ва вақти фосилавии парвози ҳавопаймоҳоро дуруст муайян кунад, онҳоро дар ҳаво тавре тақсим намояд, ки аз як тараф бархурди хавфноки ҳавопаймоҳо руҳ надиҳад ва аз тарафи дигар, масофа байни онҳо хеле кам карда шавад ва ба ин васила самаранокии истифодаи фазои ҳавоӣ таъмин гардад. Пас аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳз ҳамин хадамот – бо фармоиши сардори Раёсати Флоти ҳавоии граждании Тоҷикистон аз 15 майи соли 1945 таҳти №129 таъсис ёфта, он “Хадамоти идораи ҳаракати ҳавоӣ” номида шуд. Дарҳол ба он аскароне, ки аз фронт ба ватан баргашта буданд, шомил шуданд. Инчунин, дар соли 1945 аз ҷониби Раёсати флоти ҳавоии граждании Тоҷикистон (РФГТ) ҳавопаймоҳои нави Ю-52 ва Ли-2 дастрас карда шуд. Парвози аввалини экипажи ҳавопаймои “Ли-2” тавассути хатсайри Сталинобод (ҳоло Душанбе)-Москва анҷом дода шуд.
Дар аввал баъд аз таъсиси Хадамоти ҳаракати идоракунии флоти ҳавоии граждании Тоҷикистон, маркази танзимгари фурудгоҳи пойтахти ҷумҳурӣ дар қисми болоии бинои қисми тиббии Корхонаи воҳиди давлатии авиатсионӣ ҷойгир карда шуд. Дар аввали қарни бистум алоқа бо ҳавопаймо тавассути телефонӣ ва мавҷи кӯтоҳ амалӣ мегардид.
Дар он вақт навбатдори фурудгоҳи Сталинобод (ҳоло Душанбе) Яков Иванович Хоружа барои омодагӣ ба парвозҳо масъул буд. Бо дастури танзимгари Хадамоти ҳаракат аломати фурудшавиро аз матои сафед дар шакли ҳарфи “Т” мегузошт, ин амалро бояд стартер анҷом медод, ки зани Яков Иванович Мария Петровна ин корро иҷро мекард. Дар ибтидои солҳои 50-ум танзимгари нав Василий Гаврилович Фролов, дастпарвари техникуми авиатсионии Ленинград (1953), ки инчунин дар соли 1934 омӯзишгоҳи авиатсионии сарнишинони Флоти ҳавоии граждании ба номи Балашовро низ хатм карда буд, дар Хадамоти ҳаракат дар фуругоҳи Сталинобод (ҳоло Душанбе) фаъолияташро оғоз намуд.
Дар давраи пеш аз ҷанг В. Фролов дар фурудгоҳи Хоруғ низ кор карда, дар солҳои 40-ум дар ҳайати экипажи лётчики машҳури Иттифоқи Шӯравӣ Мария Василевна Салова бисёр парвоз кардааст. Ҳамин тавр, ӯ зиёда аз панҷ ҳазор соат парвоз намудааст. Василий Гаврилович баъдан фаъолияташро ҳамчун танзимгари Хадамоти ҳаракат дар фурудгоҳи Сталинобод (ҳоло Душанбе) идома дод.
Таҷдиди парки авиатсионии ҷумҳури, далели рушди бо суръати авиатсияи тоҷик буд. Нақлиёти ҳавоӣ муҳимтарин воситаи хоҷагии халқ дар ҷумҳури гардид. Авиатсияи тоҷик алоқаи доимии нақлиётиро миёни пойтахти ҷумҳурӣ бо ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишинии минтақаи баландкӯҳии водиҳои дурдасти Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Бартанг, Яғноб ва ғайра таъмин намуд, ки ин вақти сафари мусофиронро дар минтақаҳои кӯҳии Помир, Қаротегин, Вахшу Ҳисор садҳо маротиба кам намуд. Дар солҳои 1950-1960 авиатсия дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушднамудаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумор мерафт.
Дар соли 1958 фаъолиятҳои мақсаднок оид ба татбиқ ва истифода бурдани воситаҳои назорати парвозҳо ва идоракунии ҳаракати ҳавоӣ шурӯъ шуд, дастурамалҳо қабул шуданд, аз ҷумла, “Дастурамал оид ба истифодабарии бақайдгирии аксӣ (фоторегистратция) барои назорати объективии сифати фуруд омадани ҳавопаймо” ва каме дертар “Дастурамал оид ба ташкил ва идора намудани ҳаракати ҳавопаймоҳо дар роҳҳои ҳавоии СССР”, ки сохтори мукаммалтарини ташкилии хизматрасонии ҳаракатро дар роҳҳои ҳавоӣ, дар минтақаҳои фурудгоҳҳо муайян намуда, вазифаҳои онро васеъ менамуд.
Чӣ тавре ки дар боло зикр шуд, авиаторони Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеш ҷиҳати рушди иқтидори иҷтимоию иқтисодии мамлакат буданд. Сохтори раёсати Флоти ҳавоии граждании Тоҷикистон васеъ ва инкишоф ёфт. Соли 1959 корхонаи авиатсионии Ленинобод (ҳоло Суғд) таъсис ёфта, баъди як сол фурудгоҳи Кӯлоб ташкил карда шуд. Ҳаҷми боркашонии ҳавоӣ якбора зиёд шуд. Ҳаҷми корҳои авиатсионӣ-химиявӣ бист баробар афзуд. 28 феврали соли 1960 дар таърихи рушди авиатсияи гражданӣ саҳифаи тамоман нав кушода шуд, ки ин нахустин маротиба фуруд омадани ҳавопаймои турбовинтии Ил-18 ба фурудгоҳи Душанбе мебошад. Ҳавопаймоҳои нав, ба мисли ҳавопаймои турбореактивии Як-40 (1969) ва турбовинтии Ли-24 (1968) имконият доданд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ дар хатсайрҳои авиатсионии маҳаллӣ хеле беҳтар карда шавад.
“Дастурамали нав оид ба амали намудани парвозҳо”, ки соли 1966 нашр шуда буд, ба минбаъд беҳтар намудани бехатарӣ ва мунтазамии парвозҳо ҳиссаи калон гузошт. Бори аввал ба ин ҳуҷҷати муҳим қоидаҳои ҳаракати ҳавоӣ ва идораи ҳаракат дохил карда шуданд, ки он ҳамкории зич ва муайянро байни хадамоти парвоз ва хадамоти идораи ҳаракати ҳавоӣ таъмин намуд. Дастурамали мазкур чандин маротиба аз нав нашр шудааст, зеро ба он баъзе ислоҳҳотҳо ворид шудаанд. Бо сабаби зиёд шудани талабот ба мутахассисони хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, афзоиш ёфтани шумораи парвозҳои ҳавопаймоҳо, ба истифода додани воситаҳои худкори Идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (ИҲҲ), инчунин, бо назардошти таҷрибаи ба даст омада оид ба ташкил ва мукаммалгардонии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ соли 1981 “Дастурамал оид ба хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар авиатсияи граждании СССР” таҳия ва ҷорӣ карда шуд.
Дар рушди хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ роҳбари якуми он А.Н. Меншиков, ҷонишини у Буковский, К. И. Бездолний, Ф.Н. Клишин, М. Г. Баранов, С.Я. Одегов, А.И. Орехов, Нуников, Субботкин, А.В. Куликов, Зелтсер, Козловский, А. Х. Туляшев, С.П. Столов, Н.С. Денисов, А.Г. Дмитриев нақши муҳим бозиданд. Ҳамаи ин мутахассисон собиқ сарнишинони ҳарбӣ ё гражданӣ ва штурманҳо будаанд. Ворисони аслии онҳоро В.Н. Давидов, В.П. Антипов, Ю.И. Воронин, А.Д. Маданиев, М.Х. Саидов, Ф.Ф. Ишанкулов, В.П. Сячин, В.С. Чекалов ва Е.Ф. Шевернев номид, ки фаъолиятҳои пуршарафи онҳоро идома додаанд.
Дар ҳамон замон дар Хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ мутахассисоне кор мекарданд, ки муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Ленинград, Рига, Уляновск ва Кировоградро хатм намуда будаанд.
Дар натиҷаи вазъи ноустувори солҳои 90-уми қарни гузашта бисёре аз мутахассисони баландихтисос Тоҷикистонро тарк намуданд, ки дар натиҷа норасоии шадиди мутахассисон дар хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (ХҲҲ) эҳсос шуд. Бо мақсади ҳалли мушкилии ба вуқуъ омада Корхонаи воҳиди давлатии авиатсионии “Тоҷикистон” омӯзиши танзимгарҳои ҳаракати ҳавоиро (авиадиспетчер) дар Академияи Ҷумҳурии Қазоқистон, Коллеҷи авиатсионии Қирғизистон ва дигар кишварҳо ба роҳ монд.
Вақте, ки сухан дар бораи рушди аэронавигатсия дар Тоҷикистон меравад, бояд қайд намуд, ки ҳатто техникаи мукаммалтарин ва замонавии аэронавигатсионӣ бе кумаки инсон фаъолият карда наметавонад, зеро тамоми маълумотҳо дар он тавассути инсон, мутахассисони соҳа такмил дода мешавад. Барои шахси дур аз ин соҳа фаҳмидан душвор аст, ки чӣ гуна ҳаракати ҳадафҳо дар экранҳои радиолакаторҳо метавонанд вазъияти ҳаворо зуд ва дақиқ арзёбӣ карда, қарори ягонаи оқилона ва дуруст қабул намоянд.
Дар рушди Хадамоти ИҲҲ-ии ҷумҳурӣ собиқадорони соҳа, мисли Антипов Виктор Павлович — хатмкунандаи ордени Ленини Академияи авиатсияи гражданин шаҳри Ленинград ҳиссаи калон гузоштанд. Солҳои тулонӣ Хадамоти ҳаракат ва шуъбаи ҳаракат дар идоракунии авиатсияи граждании Тоҷикистонро роҳбари намудааст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ шумораи зиёди мутахассисон ҷумҳуриро тарк намуданд.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ягона долони байналмилалии рақами 13 “Тирмиз”, ки аз маркази минтақавии ИҲҲ шаҳри Душанбе мегузарад, ба тобеияти маркази минтақавии Самарқанд гузашт. Бо дарназардошти ин ҳолат масъалаи таъсиси роҳҳои ҳавоии транзитии байналмилалӣ, ки аз фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад, ба миён омад.
Бо саъю талоши маъмурияти хадамоти ИҲҲ дар давраи аз соли 1994 то соли 1996 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон чаҳор долони нави байналмилалии ҳавоӣ кушода шуд, ки Аврупоро бо Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мепайвандад.
Барои рушди минбаъдаи худ Хадамоти ИҲҲ бо ҳампешагон аз дигар кишварҳо ба мисли Русия, Қазоқистон, Белорусия, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои назди Балтика ҳамкорӣ намуд. Хадамот ҳамчун яке аз муассисони Шӯрои ҳамоҳангсози Авруосиё дар вохӯриҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок мекард.