Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Дар бораи низоми идоракунии бехатарии парвозҳо

Бехатарии парвозҳо, яке аз вазифаҳои асосии фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» мебошад.

Мутобиқи ҚУА ҶТ-21, Ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти талаботҳои байналхалқӣ дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Низоми идораи бехатарии парвозхо (НИБП) таҳия ва ҷорӣ карда мешавад.

НИБП таъмини мониторинги мунтазами нишондиҳандаҳои бехатарӣ, ошкор ва бартараф намудани омилҳои хатарнокро пеш аз он ки ба садамаи авиатсиони ва ҳодисаҳо оварда расонанд, амалӣ менамояд.

Талаботҳои НИБП ба ҳамаи сохторҳо ва кормандони КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ки дар пешкашкунии хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ иштирок мекунанд паҳн мегардад.