Низоми пешниҳоди маълумотҳо
Низоми пешниҳоди маълумотҳо (НПМ) дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо мақсади дастрас намудани итилоот аз камбудиҳои махфӣ ва таъсири манфии онҳо ба бехатарии парвозҳо дар фаъолияти Корхона ташкил шудааст.
Мақсади асосии НПМ баланд бардоштани сатҳи бехатарии фаъолияти Корхона бо роҳи ҷамъоварӣ намудани маълумотҳои ва норасоиҳои потенсиалӣ дар таъмини бехатарии парвозҳо, ки бо дигар воситаҳо таъмин нашудаанд, мебошад.
НПМ низоми муташаккиле мебошад, ки низоми ихтиёрӣ, бе муҷозот ва махфии пешниҳоди маълумотҳо оиди ҳодисаҳое, ки ба бехатарии парвозҳо таалуқ доранд ва дар низоми Ташкили ҳаракати ҳавоӣ, баҳри муайян ва баҳо додани хавфу хатари ба онҳо таалуқдошта таҳти роҳбарии шуъбаи бехатарӣ ва сифати истеҳсолот амалӣ мегардонад. Низоми мазкур таъмини пешниҳоди маълумотҳои ихтиёриро оиди ҳодисаҳои авиатсионӣ ё омилҳои хатарноки ба фаъолияти Корхона таалуқ доштаро, бе ошкори шахси маълумотдиҳанда амалӣ мегрдонад.