Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Директори генералӣ

Директори генералӣ

Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон 18-уми августи соли 1975 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1992 мактаби миёна, соли 2001 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро бо ихтисоси “иқтисодчӣ-менеҷер” ва соли 2016 Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро бо ихтисоси “менеҷмент” бомуваффақият ба итмом расонидааст.

Соли 1996 дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шӯруъ карда, то соли 2006 дар ин самт бенуқсон ифои вазифа намудааст.  Баъдан, солҳои 2006 то 2009  ба сифати  “менеҷери маркази идораи захираҳо”, “муовини сардори Хадамоти  истеҳсолӣ-тиҷоратӣ-”и Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик-эйр”инчунин  солҳои 2009 то 2016 дар вазифаҳои муовини сардори Хадамоти истеҳсолӣ- тиҷоратӣ ва “муовини директори генералии” Корхонаи воҳиди давлатии “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” фаъолияти назаррас нишон дода, барои хизматҳои шоён дар соҳаи авиатсияи гражданӣ 15-уми августи соли 2019 бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ гардидааст.

Соли 2016 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” таъин гардида, то ин дам дар самти мазкур фаъолияти густурда дорад.

Муовини аввали директори генералӣ

Муовини аввали директори генералӣ

Шодмонбекзода Даврон Шодмонбек 1-уми январи соли 1985 дар ноҳияи Куйбишеви вилояти Хатлон таваллуд ёфта, соли 2006 Академияи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси  “идораи ҳаракати нақлиёти ҳавоӣ”, соли 2011 Коллеҷи авиатсионии Академияи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси “идоракунии ҳаракат ва истифодабарии нақлиёти ҳавоӣ” бо тахассуси ҳавонавард (пилот), соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акдемик М.С. Осимиро бо ихтисоси “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти ҳавоӣ”, соли 2014 Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистонро бо ихтисоси “ҳуқуқшинос” ва соли 2018 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакиро бо ихтисоси “менеҷменти иҷтимоӣ”  ба сомон расонидааст.

Шодмонбекзода Даврон  ба сифати мутахассиси ҷавон корро  соли 2006 аз Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии “Тоҷикистон” ба ҳайси “танзимгари идораи ҳаракати ҳавоӣ” шӯруъ намуда,  баъдан солҳои 2009 то 2020 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамчун  “муназзими нуқтаи танзими ибтидоӣ”, “сардори маркази танзими аэродромии раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ” ва  “сардори маркази танзими аэродромии раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ” ифои босамар фаъолият намуда,  4-уми декабри соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи  “муовини аввали директори генералӣ”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” таъин гардида, то имрӯз фаъолона ифои вазифа менамояд.

Муовини директори генералӣ

Муовини директори генералӣ

Саидзода Раҳимҷон Қурбон 13-уми марти соли 1972 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфта, соли 2003 Коллеҷи техникии шаҳри Душанберо бо ихтисоси “шабакаҳои алоқа ва низоми робита” ва  соли 2013 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бо ихтисоси “шабакаҳои алоқа ва усулҳои робитавӣ” хатм намудааст.

Соли 1997 фаъолияти кориро дар системаи Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  вазифаи  “техники алоқаи маҷмааи радиоалоқаи Хадамоти таъминоти радиотехникии парвозҳо” дар Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии “Тоҷикистон” шурӯъ намуда, баъдан аз соли 2007 то соли 2012 ба сифати “муҳандиси радионавигатсияи Хадамоти “ИТРЛ”-и Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” ва аз соли 2012 то 2014  ба сифати  “муҳандиси калони маҷмааи радионавигатсионии хадамоти истифодаи таҷҳизоти радиотехникӣ ва алоқа”-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” фаъолияти худро густариш додааст.

 29-уми ноябри соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Муовини директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” таъин гардида, то имрӯз иҷрои вазифа менамояд.

РОҲБАРИ ДАСТГОҲИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛӢ

РОҲБАРИ ДАСТГОҲИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛӢ

Сироҷзода Эмомназар Тоҷидин 11-уми июни соли 1973 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2010 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бо ихтисоси ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти ҳавоӣ, соли 2016 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо ва соли 2024 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи давлатӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кории худро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ аз соли 2002 дар вазифаи қабулкунанда ва супорандаи бор ва бағоҷи хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратии Ширкати ҳавопаймои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикистон” оғоз намуда, аз соли 2007 то соли 2009 дар вазифаи сардори анбори тиҷоратии хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва солҳои 2009 то 2012 ҳамчун супервайзери хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, аз соли 2012 то 2013 ҷонишини сардори анбори тиҷоратии хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, солҳои 2013-2016 сардори басти бахши хизматрасонии марказии хадамоти  истеҳсолӣ-тиҷоратии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” кору фаъолият намудааст. Аз соли 2016 то соли 2025 фаъолияти худро дар шуъбаи маъмурӣ-хоҷагидории Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” оғоз намуда, бо фармоиши директори генералӣ аз 1-уми июли соли 2025 ба ҳайси роҳбари Дастгоҳи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ифои вазифа дорад.