Хизматрасонии ҳаракати ҳавои
Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ яке аз сохторҳои таркибии корхона маҳсуб ёфта, парвозҳои бехатар ва мунтазамии нақлиёти ҳавоиро дар фазо ва фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Вазифаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (ХҲҲ) иборатанд аз:
- пешгирии бархӯрди нақлиёти ҳавоӣ;
- пешгирии бархӯрди нақлиёти ҳавоӣ дар тағйири самти ҳаракат (минтақаи манёвр);
- суръат бахшидан ва нигоҳ доштани ҷараёни танзимшудаи ҳаракати ҳавоӣ;
- таъмини машварат ва иттилооти зарурӣ барои таъмини бехатарӣ ва самаранокии парвозҳо;
- огоҳ намудани сохторҳои дахлдор оид ба наќлиёти ҳавоӣ, ки ба кумаки хадамотҳои ҷустуҷӯи ва начотдихӣ эҳтиёҷ доранд ва мусоидати зарурӣ ба чунин сохторҳо;
- омӯзиши талаботи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ба захираҳои инсонӣ, такмили ихтисос, иҷозатнома ва ғайра бо ҷорӣ намудани меъёрҳои миллӣ ва байналмилалӣ.
Маркази ноҳиявии низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ (МННЯ ТҲҲ) “Душанбе” хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (ХҲҲ)-ро дар масирҳои ҳавоӣ ва хатҳои ҳавоии маҳаллӣ дар ҳудуди фазоҳои болоӣ ва поёнии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Соли 2010 бо мақсади таъмин намудани хизматрасониҳои фаврӣ ва самарабахш Маркази ноҳиявии ёрирасон (МНЁ)-и “Хуҷанд” таъсис дода шуд.
Хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (ХҲҲ) аз ҷониби Нуқтаи танзимии расиш (НТР) дар минтақаи танзимии уқдавӣ (МТУ) “Душанбе” пешниҳод мегардад, ки раванди мураккаб аст.
Хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (ХҲҲ) аз ҷониби Нуқтаи танзими низоми фуруд (НТНФ) дар минтақаи идоракунӣ, нақшаи ҳаракати фурудгоҳ ва пеш аз марҳилаи ниҳоӣ пешниҳод мегардад.
Хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (ХҲҲ) аз ҷониби Нуқтаи танзимгари ибтидоӣ ва самтдиҳӣ (НТИС) дар фазои таъиншуда амалӣ ва раванди ҳаракати нақлиётии ҳавоиро дар минтақаи фурудгоҳ тавассути таҷҳизоти иртиботӣ, назорати биниш гузориши ҳайати ҳавомаймо ва дар ҳамоҳанг бо нуқтаҳои омехтаи (ХҲҲ) идора мешавад.
НАҚШИ ТАНЗИМГАРОНИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ:
Идоракунӣ, роҳнамоӣ ва пайгирии ҳавопаймоҳо, ҳам дар фурудгоҳҳо ва ҳам дар ҳаво, барои пешгирии бархӯрд тавассути таъмини нигоҳдории баландӣ, масофа ё вақти байни ҳавопаймо ва пешниҳоди ҳама гуна маълумоти зарурӣ ба киштиҳои ҳавоӣ.
ИХТИСОСҲОИ ИДОРАКУНИИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ:
ИДОРА НАМУДАНИ МАНОРА Пешниҳоди хизматрасонии идоракунии манора, назорати заминӣ, иҷозати назоратӣ/танзимӣ барои анҷом додани парвоз тибқи масир. | ХИЗМАТРАСОНИИ ТАНЗИМИИ РАСИШ Пешниҳоди хизматрасонии танзимии расиш барои фуруд. | МИНТАҚАИ НАЗОРАТ Пешниҳоди хизматрасонии минтақавӣ. | ХИЗМАТРАСОНИИ ФУРУДШОҲ ОИД БА ПАРВОЗ (AFIS) Пешниҳоди хизматрасонии иттилоотии ҳаракат ва ҳамоҳангсозии мувофиқ ба ҳаракати нақлиёти ҳавоӣ, ки ҳадафи истифодаи фурудгоҳро доранд. |
Нуқтаи замонавии танзими сарнишинии идоракунии ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” соли 2019 сохта шудааст. Санаи 27 июни соли 2019 Манораи нави назоратӣ-танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Манора дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти нақлиёти ҳавоӣ ба шумор меравад ва мутобиқ ба меъёру талаботҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шудааст.
Иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони Манораи назоратӣ-танзимнамоӣ дар давоми 18 моҳ бунёд карда шудааст.
Баландии манора аз 41,23 метр иборат буда, дар нуқтаи 36 метрии он толори кории танзимгарон ҷойгир аст. Дар иншооти мазкур ҷойи кории танзимгарони нуқтаи танзимгари ибтидоӣ ва самтдиҳӣ (НТИС) ва роҳбари парвозҳо (РП), инчунин танзимгарони нуқтаи танзимии самтдиҳӣ (НТС) воқеъ гардидаанд. Мақсади асосии сохтмони манораи танзимнамоӣ беҳтар намудани мушоҳидаи танзимгарони НТИС ҳангоми иҷрои парвозҳои ҳавопаймоҳо дар гирду атрофи фурудгоҳ мебошад, ки ин пеш аз ҳама ба баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии парвоз нигаронида шудааст. Саҳни манораи назоратӣ-танзимнамоӣ пурра чароғон ва гулу сабзкорӣ гардида, намои зебою муосир дорад.