Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқӣ

Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ (РТРТП ва АБА)-и КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ҳамчун ҷузъи муҳимтарини Корхона ба ҳисоб рафта дар таъмин ва расонидани хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба истифодабарандагони фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. РТРТП ва АБА аз Уқдаи радиолокатсионӣ ва радионавигатсионӣ, инчунин Уқдаи алоқаи барқӣ иборат аст.

       

Вазифаҳои асосии РТРТП ва АБА-и Корхона:

  • Таъмини маълумотҳои радионавигатсионӣ барои парвози нақлиётҳои ҳавоӣ;
  • Таъмини идоракунии ХҲҲ тавассути воситаҳои назоратӣ, радиотехникӣ, алоқаи барқии авиатсионӣ ва ташкили истифодабарии техникии таҷҳизотҳои метеорологӣ;
  • Ташкили истифодабарии техникии воситаҳои заминии ТРТП ва АБА, таъмини эътимоднокии фаъолият ва сифати баланди еори онҳо.
  • Ташкили иҷроиши чорабиниҳо оид ба модернизатсия ва таҷдиди таҷҳизотҳои заминии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • Ташкили чорабиниҳо оид ба сертификатсия, стандартизатсия ва санҷиши парвозии таҷҳизотҳои ТРТП ва АБА.
    

Маълумотҳои радионавигатсионӣ барои парвози нақлиётҳои ҳавоӣ дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби РТРТПва АБА тавассути таъмини фаъолияти боэътимод ва мунтазами 7 радиоминоимасофасанҷи системаи DME, ки дар аэродромҳои фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе,Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва дигар минтақаҳо насбшудаанд, таъмин карда мешавад. Таъминоти радионавигатсионӣ барои парвозҳо инчунин иншоотҳоро дар бар мегирад, ки бо радиостансияҳои ҷудогонаиоваранда ва радио пеленгатори автоматикӣ муҷаҳҳаз шудаанд.

  

Бо мақсади назорати фазои ҳавоӣ ва идора намудани ҳаракати ҳавоӣ системаи назоратии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бомувафаққият фаъолият менамоянд, ки иборат аст аз:

1) Системаи ҷанубии MLAT;

2) Системаи шимолии MLAT;

3) Радиолакатори аэродромии “АОРЛ 85 ТК”;

4) Радиолакатори дуюмдараҷаи “КОРЕНЬ АС”

5) Системаи назорати автоматии вобаста “(ADS-B) Восток”.

Уқдаи радиолокатсионӣ ва радионавигатсионии ТРТП ва АБА инчунин истифодабарии техникии таҷҳизотҳои метеорологии Корхонаро таъмин менамояд.

   

Уқдаи алоқаи РТРТП ва АБА-и КВД “Тоҷикаэронавигатсия” барои таъмини Корхона бо ҳама намуди алоқа ва пеш аз ҳама – алоқаи барқии авиатсионӣ пешбини шудааст. Уқдаи алоқа аз иншоотҳои қабул – интиқоли алоқаи радиоӣ, ретрансляторҳои дурдасти алоқаи авиатсионӣ, гуруҳҳои хизматрасонии симдор, алокаҳои радиорелеӣ, муқарраршуда ва маҳворавӣ иборат аст.