Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
20

Чоп кардан

Афзоиши босуръати ҳаҷми боркашонии ҳавоӣ боиси болоравии талабот ба ҳавопаймоҳо ва муҳаррикҳои онҳо гардидааст. Дар ин замина, саноати боркашонии ҳавоӣ бо мушкилоти таъмини ҳавопаймоҳо ва муҳаррикҳои кофӣ бо нархҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ рӯбарӯ мебошад.

***

25 октябри соли 2026, ширкати ҳавопаймоии «S7 Airlines» парвозҳои мустақимро дар хатсайри Хабаровск – Пекин  оғоз намуд. Ҳамзамон, ширкат аз 1 декабри соли 2026 парвозҳоро дар хатсайри нави Новосибирск –Уст-Кут ба роҳ мемонад.

***

25 октябри соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Etihad Airways» парвозҳоро дар хатсайри Абу-Дабӣ – Санкт-Петербург аз нав оғоз намуд.

***

Федератсияи Россия ва Эфиопия масъалаҳои соддагардонии низоми раводид ва зиёд намудани шумораи парвозҳо байни ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

***

Аз 25 октябри соли 2026, ширкати ҳавопаймоии «Centrum Air» парвозҳоро дар хатсайри Самарқанд – Маскав ба роҳ монд.

***

Ширкати ҳавопаймоии «FlyArystan» аввалин парвози худро дар хатсайри Остона – Иннинг анҷом дод. Бо ин иқдом, ширкат ба бузургтарин ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ дар минтақаи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин табдил ёфт.

***

25 октябри соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Belavia» аввалин парвози мунтазами худро дар хатсайри Минск – Бангкок анҷом дод.

***

Ҳавопаймои нави Airbus A321neo мустақиман аз корхонаи истеҳсолии Ҳамбург (Олмон) ба Алмаато интиқол дода шуд. Ин ҳавопаймо 64-умин ҳавопаймои флоти ширкати «Air Astana Group» гардид.

***

Агентии авиатсияи граждании назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон қоидаҳои нави авиатсиониро оид ба таъмини қобилияти парвози ҳавопаймоҳои гражданӣ тасдиқ намуд. Қоидаҳои мазкур аз 16 январи соли 2027 мавриди амал қарор мегиранд.

***

Ширкати «ZALA» силсилаи парвозҳои озмоишии системаҳои ҳавопаймоии бесарнишинро анҷом дод. Ҳадафи асосии лоиҳа санҷидани самаранокии истифодаи ин системаҳо барои назорати мунтазами ҳолати инфрасохтор, муайян намудани мушкилот ва ҷамъоварии маълумоти объективӣ ҷиҳати қабули қарорҳои идоракунӣ мебошад.

***

Дар фурудгоҳи Иркутск манбаи сайёри барқ барои ҳавопаймоҳо насб карда шуд. Дастгоҳ тавассути ноқилҳои махсус ҳавопаймоҳоро бо неруи барқ таъмин менамояд. Он дорои режимҳои гуногуни корӣ буда, барои намудҳои мухталифи ҳавопаймоҳо ва иҷрои вазифаҳои гуногун мувофиқ мебошад.

***

25 октябри соли 2026, ширкати ҳавопаймоии «Ural Airlines» аввалин парвози худро дар хатсайри Екатеринбург – Деҳлӣ лағв намуд.

***

Ширкати ҳавопаймоии «Azul» аз ҷониби ҳукумати Бразилия барои харидории сӯзишворӣ ба маблағи 2 миллиард реал маблағ гирифт.

***

Ширкати ҳавопаймоии «Riyadh Air» парвозҳои худро аз пойтахти Арабистони Саудӣ ба шаҳри Ал-Қосим муваққатан интиқол медиҳад.

***

Ширкати ҳавопаймоии «British Airways» ҷадвали зимистонаи парвозҳои худро бо илова намудани хатсайрҳои нав ба Коломбо ва Мелбурн васеъ мекунад.

***

Ҳавопаймои Airbus A220 аввалин ҳавопаймои мусофирбар хоҳад буд, ки бо системаи нави навигатсионии ҳарбии ширкати «Safran» муҷаҳҳаз мегардад. Системаи мазкур барои муқовимат ба халалҳои сигнали GPS пешбинӣ шудааст.

***

Ширкатҳои ҳавопаймоии «Qatar Airways» ва «WestJet» созишномаи мубодилаи рамзҳои парвозро ба имзо расониданд. Ин ҳамкорӣ имконият медиҳад, ки мусофирон аз имкониятҳои васеътари парвозҳо истифода баранд.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, Flight Global, Airways Magazine)