КОРМАНДОНИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» ОМӮЗИШИ ТАХАССУСИРО БО МУВАФФАҚИЯТ ҶАМЪБАСТ НАМУДАНД
Аз 24 то 30 октябри соли 2026 ҳайати 29-нафараи кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар Маркази омӯзишии авиатсионии минтақаи Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба омӯзиши тахассусӣ фаро гирифта шуда, онро бо муваффақият ҷамъбаст намуданд.
Дар анҷоми омӯзиш ба иштирокчиён сертификатҳои тахассусӣ супорида шуданд, ки аз натиҷаҳои мусбати омӯзиш ва азхуд намудани донишҳои нави соҳавӣ шаҳодат медиҳанд.
Омӯзиши мазкур бо ибтикори директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» муҳтарам Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон роҳандозӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили маҳорати касбӣ ва омодагии мутахассисон барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар шароити муосир равона шуда буд.
Дар раванди омӯзиш кормандон бо таҷрибаи пешқадами мутахассисони соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос шуда, донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии худро такмил доданд. Ҳамзамон, онҳо имконият пайдо намуданд, ки бо усулҳои муосири кор ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ аз наздик шинос шаванд.
Баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии кормандон дар таъмини бехатарии парвозҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ ва риояи стандартҳои байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад. Аз ин рӯ, дониш ва таҷрибаи андӯхтаи иштирокчиёни омӯзиш барои такмили минбаъдаи фаъолияти хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб заминаи мусоид фароҳам меорад.
Роҳандозии чунин омӯзишҳои тахассусӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар самти рушди неруи касбӣ ва таҳкими иқтидори соҳавӣ ба ҳисоб меравад. Он барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандон, татбиқи таҷрибаи пешқадам ва таъмини хизматрасониҳои босифату бехатари аэронавигатсионӣ мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»


































