ТАҶЛИЛИ 32-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ»
5 ноябри соли 2026 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони корхона иштирок намуда, доир ба аҳаммияти таърихӣ, нақши Конститутсия дар бунёди давлати соҳибистиқлол, таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ибрози андеша карданд.
Ҷаласаро муовини якуми директори генералии корхона Даврон Шодмонбекзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи директори генералии корхона ва аз номи худ ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ самимона табрик гуфт.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаро фароҳам овардааст. Ҳамзамон, дар робита ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон ва фароҳам овардани шароити қабули Конститутсия андешаҳои муҳим баён карда шуданд.
Сипас, сухан ба сардори шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқии корхона Шараф Иззатуллоев дода шуд. Номбурда дар мавзуи таърихи ташаккул ва рушди Конститутсияи Тоҷикистон баромад намуда, ба марҳилаҳои муҳими давлатдории тоҷикон, аз ҷумла вазъи сиёсиву ҳуқуқии кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ӯ таъкид намуд, ки қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини кишвар ба ҳисоб рафта, барои муайян намудани сохтори давлатдорӣ, низоми идоракунӣ ва самтҳои асосии рушди ҷомеа замина гузошт. Ҳамчунин, доир ба тағйиру иловаҳои минбаъда ба Конститутсия ва мутобиқ гардидани меъёрҳои он ба талаботи замон маълумот пешниҳод намуд.
Дар идомаи ҷаласа сардори Маркази матбуоти корхона Ҳусниддин Холов дар мавзуи нақши Конститутсия дар ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва таҳкими мақоми оила дар ҷомеа суханронӣ кард. Ӯ бо ишора ба моддаҳои 33 ва 34-и Конститутсия зикр намуд, ки оила ҳамчун рукни асосии ҷомеа таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд масъулияти баробар доранд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки эҳтироми падару модар, тарбияи дурусти фарзандон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар як оила ба шумор мераванд. Дар ин замина, ӯ иброз дошт, ки донистан ва риоя намудани меъёрҳои Конститутсия бояд аз муҳити оила оғоз гардида, дар зиндагии ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванд таҷассум ёбад.
Баъдан, муҳандис-метеорологи Маркази авиатсионии метеорологии корхона Шаҳноза Қодирова ба сухан баромада, дар бораи аҳаммияти Конститутсия дар таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои фаъолияти касбӣ ва иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятию меҳнатӣ андешаҳои худро баён намуд. Ӯ таъкид кард, ки фароҳам будани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеаи муосир мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ танзимгари Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии корхона Сабина Додарҷонова баромад намуда, доир ба нақши Конститутсия дар ҳаёти ҷавонон, эҳтиром ба қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳми ҳар як шахс дар ободиву пешрафти Ватан ибрози назар кард. Ӯ зикр намуд, ки ҳар як ҷавон бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худ огоҳ бошад, қонунро эҳтиром намояд ва бо фаъолияти содиқона дар рушди ҷомеа саҳм гузорад.
Дар маҷмуъ, ҷаласаи тантанавӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, иштирокдорон зимни баромадҳои худ аҳаммияти Конститутсияро ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва роҳнамои зиндагии ҷомеа таъкид намуданд.
Таъкид гардид, ки эҳтиром ва риояи Конститутсия на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар буда, ҳифзи арзишҳои он ба таҳкими давлатдории миллӣ, суботу оромӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»


































