ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ»
24-уми ноябри соли 2026 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони корхона баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини якуми директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Шодмонбекзода оғоз ёфт. Номбурда ҳозиринро аз номи директори генералии корхона Лоиқ Бегиҷонзода ва аз номи худ ба муносибати ин ҷашни муҳими давлатӣ самимона табрик гуфта, таъкид намуд, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ, рамзи соҳибистиқлолӣ, давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва сарбаландии мардуми тоҷик ба шумор меравад.
Зимни суханронӣ зикр гардид, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ҳамзамон, нақши ташаббусҳои созанда ва сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, боло бурдани мақоми рамзҳои давлатӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Сипас, мушовири ҳуқуқии шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқии корхона Диловар Воҳидов дар мавзуи ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд. Ӯ бо такя ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории марбут ба рамзҳои давлатӣ, аҳаммияти ҳуқуқӣ ва таърихии Парчамро шарҳ дода, дар бораи маъниву рамзҳои рангҳои он ва мазмуни унсурҳои тасвиршуда маълумоти муфассал пешниҳод кард. Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ на танҳо рамзи расмии кишвар, балки таҷассумгари таъриху тамаддун, ормонҳои миллӣ ва ҳувияти давлатдории тоҷикон мебошад.
Дар идома, муаллими забони англисии Маркази таълимии авиатсионии корхона Меҳрбону Абдуллоева доир ба таърихи пайдоиш ва ташаккули Парчами миллӣ маърӯзаи пурмуҳтаво ироа намуд. Ӯ дар баромади худ аз таърихи куҳани парчамдории миллати тоҷик, аз ҷумла Дирафши Ковиёнӣ ҳамчун яке аз рамзҳои маъруфи таърихии давлатдории ориёӣ ёдовар шуда, пайванди таърихии онро бо раванди ташаккули рамзҳои миллӣ то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шарҳ дод. Маърӯза имкон дод, ки иштирокдорон ба решаҳои таърихии парчамдории миллати тоҷик ва аҳаммияти ҳифзи мероси фарҳангиву таърихии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳамчунин, муовини сардори Раёсати рушди корхона Урози Раҳмон зимни баромади худ оид ба аҳаммияти Парчами давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ибрози андеша намуд. Ӯ таъкид кард, ки Парчами давлатӣ дар баробари ифодаи истиқлолу озодӣ, мардумро дар атрофи арзишҳои миллӣ муттаҳид сохта, барои наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун рамзи ифтихор ва садоқат ба Ватан хизмат мекунад.
Дар идомаи чорабинӣ менеҷери истифодаи фазои ҳавоии бахши шаҳрвандии Маркази асосии низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ Шаҳноза Сафарова вобаста ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза пешниҳод намуд. Дар баромади ӯ нақши Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ваҳдату ҳамбастагии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол таъкид гардид. Ҳамзамон, аҳаммияти арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини сардори Маркази таълимии авиатсионии корхона, Аббос Афсаҳзода бо сухан баромада, андешаҳои худро оид ба ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар ҳаёти ҷомеа баён кард. Ӯ иброз дошт, ки Парчам барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи ифтихор, сарфарозӣ ва пайванди ногусастанӣ бо Ватан буда, эҳтиром ба он бояд дар рафтору фаъолияти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа таҷассум ёбад.
Чорабинии мазкур дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, бори дигар аҳаммияти Парчами давлатиро ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи асосии соҳибистиқлолии кишвар ёдрас намуд.
Воқеан, Парчами давлатӣ таҷассумгари таъриху фарҳанг, ҳастии миллат ва давлатдории мустақили тоҷикон буда, эҳтиром ба он нишонаи арҷгузорӣ ба Ватан, ваҳдати миллӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»


































