Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ФАЪОЛИЯТИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР СОЛИ 2023 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

ФАЪОЛИЯТИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР СОЛИ 2023 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
455

Чоп кардан

Ҷамъбастӣ фаъолияти хоҷагию истеҳсолии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар соли 2023 cанаи 8-уми январи соли 2024 доир гардид.

Ҷаласа бо иштироки Амирзода Маҳмуд Ҳамид – муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Дилшод Файзалӣ – директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва ҳайати кормандон баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода баромад ва оид ба фаъолияти корхона дар соли 2023 ҳисобот дод.

 

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба 51 530 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматҳо пешниҳод намуд, ки 5 068 адад, ё ин ки 11% зиёдтар нисбат ба нишондоди ҳамин фосилаи соли 2022, ҳамзамон теъдоди парвозҳои транзитӣ 25 971 адад, ки 2 360 адад, ё 10% зиёд нисбат ба соли 2022 мебошад.

Бо мақсади таҳкими иқтидор ва имконотҳои фазои ҳавоии кишвар, таъмини бехатарии парвозҳо, афзоиши парвозҳои транзитӣ аз масири ҳавоии мамлакат ва густариш додани ҳамкориҳои байнидавлатӣ се адад ҳуҷҷати муҳим, аз ҷумла Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамоҳангсозӣ байни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Тошканд, Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамоҳангсозӣ байни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Самарқанд ва аз ҳама дастоварди муҳим дар соли сипарӣ Созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозӣ байни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ ба имзо расид. 

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба барқарор намудани воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, метеорологӣ ва дигар воситаҳои аэронавигатсионӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи соҳа, аз ҷумла ЗАО “ПЕЛЕНГ” (Россия), “ЗАМАР” (Шветсария), “СЕРАГОН” (Исроил), “Rohde & Schwarz” (Олмон) ва дигар ширкатҳо таҷҳизоти замонавии аэронавигатсионӣ мунтазам дастрас, насбу васл ва таҷдид гардиданд. Ба истифода супоридани низоми Д-АТИС дар дастгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва филиалҳои корхона дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд, бо нашри НОТАМ, радиостансияи “Rohde&Schwarz” бо таҷҳизоти мавҷпахшӣ, сигналҳои ADS-B дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ, ҷузъиёти баландбасомади низоми алоқаи радиорелеии “Серагон”, таҷҳизоти низоми автоматикунонидашудаи “МАСТЕР”, озмоиши ҳавоии низоми мушоҳидавии ADS–B дар парвози ғайрихатсайрӣ ба қисмати шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

 

Дар соли 2023 тибқи низоми “TAF” дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгӯии метеорологии авиатсионӣ дар маҷмӯъ 93,1%-ро ташкил дода, пешгӯии метеорологии авиатсионии Маркази авиатсионии метеорологӣ ва Истгоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандии филиали Хуҷанд ба пешгӯиҳои 24 соата барои аэродромҳои Душанбе ва Хуҷанд гузашт.

Чун ҳарвақта, ба донишу малакаи кормандон аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, мутахассисони корхона курсҳои гуногунро дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Сингапур ва Қуриёи Ҷанубӣ гузаштанд.

Дар идомаи ҳамоиш  Амирзода Маҳмуд Ҳамид – муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба  фаъолияти  КВД “Тоҷикаэронавигатсия” натиҷагирӣ карда, таъкид намуданд, ки дар баробари дастовардҳои соли сипаригардида минбаъд низ фаъолият тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

 

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода дар баромади худ оид ба ифтитоҳи долони нав ПОМИР-АГВУТ, манфиати ин масир ва тадбирҳо оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ изҳори андеша кард.

Дар фарҷом таъкид карда шуд, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Паёми Пешвои муаззами миллатро чун раҳнамо сармашқи фаъолияти худ қарор дода, тибқи таъкидҳои ироа гардида амал менамояд. 

Ҳамин тариқ, тибқи натиҷагирии ҷаласаи ҷамъбастӣ фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар соли 2023 қаноатбахш ҳисобида шуд.

 

Пас аз чорабинӣ муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода М. Ҳ. ва директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Д. Ф. аз раванди фаъолияти истеҳсолии корхона ва таҷҳизотҳои муосири аэронавигатсионӣ ба тозагӣ васлу насб гардида ва манораи муназзамӣ, дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ дидан намуда, изҳори қаноатмандӣ карданд.

 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”