Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ ҲАҚАН ФИДАН

МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ ҲАҚАН ФИДАН
254

Чоп кардан

10 январи соли 2024 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз раванди кунунии рушди робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳо арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ таҳкими бештари ҳамкориҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн,  махсусан, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарур шуморида, ҷонибдории худро ҷиҳати фаъолтар кардани ин раванд иброз доштанд.

Рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номида шуд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти муназзами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолии ду кишвар метавонад василаи барчастаи пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба бошад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар қаламрави ҳамдигар, аз ҷумлаи тадбирҳое номида шуд, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ мусоидати ҷиддӣ менамоянд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва Фаластин андешаронӣ карданд.

                                                                                         http://prezident.tj/node/32254