Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

РОБОТҲО БАРОИ ФУРУДГОҲҲО – ФАРДОИ АВИАТСИЯ

РОБОТҲО БАРОИ ФУРУДГОҲҲО – ФАРДОИ АВИАТСИЯ
265

Чоп кардан

Саноати авиатсия – яке аз соҳаҳои босуръат рушдёбанда дар ҷаҳон аст ва ин раванд мушкилиҳои навро ба миён меорад, ки яке аз мушкилии бузургтарини фурудгоҳҳо имрӯз ин зарурати беҳтар намудани самаранокӣ, бехатарӣ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон мебошад. Бо мақсади ҳалли ин мушкилӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва автоматикунонии вазифаҳо фурудгоҳҳо аз робототехника истифода мебаранд. Якчанд намуди роботҳо мавҷуданд, ки ҳар яки онҳо барои иҷрои вазифаҳои мушаххас пешбинӣ шуда, дар фурудгоҳҳо фаъолият доранд.

Аз ҷумла бо мақсади кумак ба мусофирон дар дохили терминал ва коҳиш додани ҳаҷми фаъолияти кормандони терминал дар Фурудгоҳи Байналмилалии Бангалор робот бо номи “Temi” фаъолият менамояд. Инчунин дар Фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон робот, ки дорои нури ултрабунафш мебошад дар безараргардонии фурудгоҳ истифода мешавад. Фурудгоҳи “Hamad International” дар Доҳа низ дорои робот мебошад, ки дар безараргардонии микроорганизмҳо ва робот бо номи “Avidbots Neo” дар Фурудгоҳи Чангии Сингапур ба тоза ва безараргардонии фурудгоҳ саҳмгузоранд. Ҳамзамон, Фурудгоҳи Женева истифодаи роботро бо номи “Лео” оғоз намуд, ки дорои системаи сайёри худхизматрасонии бақайдгирии бағоҷ мебошад. “Kansai Airports” бо мақсади баланд бардоштани амният ва назорат дар дохили бинои терминал истифодаи роботро бо номи “Secom Robot X2” оғоз намуд, ки он дорои камераи 360 дараҷа ва бо баландгӯяк муҷаҳҳаз буда ба мусофирон дар тамос бо маркази идоракунӣ кӯмак менамояд.

Новобаста аз оне, ки истифодаи роботҳо дар фурудгоҳҳо ба фурудгоҳҳо, ҳавопаймоҳо ва мусофирон як қатор бартариҳо пешкаш менамояд ва барои фаъолияти мустақил тарҳрезӣ шудаанд, онҳо ҳанӯз ҳам ба назорати инсон эҳтиёҷ доранд, то ки дар сатҳи лозима фаъолият намуда, ҳама гуна мушкилиҳои бавуҷудомадаро бартараф намоянд.