Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
231

Чоп кардан

Аз санаи 1-уми феврал то 5-уми марти соли 2024, ширкати “China Southern Airlines” рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе парвози нави мустақимро аз Шенҷен ба Чанбайшан анҷом медиҳад.

***

Барои дастовардҳои барҷастаи худ дар рушди сабз, ширкати “China Southern Airlines” ҷоизаҳои “Саҳми устувори солона” ва “Бренди масъулияти иҷтимоии корпоративӣ”-ро дар “Рӯйхати ширкатҳои ҳавопаймоии Тианхуан 2023”-и авиатсияи граждании Чинро сазовар гардид.

***

Ширкати “Air Astana” ҳавопаймои нави Airbus A321neo-ро аз корхонаи Гамбург ба фурудгоҳи байналмилалии Алмаато дастрас намуд, ки шумораи умумии ҳавопаймои ширкат ба 50 адад расид. Тибқи нақшаи ширкат то охири соли 2028 шумораи умумии ҳавопаймо ба 80 адад мерасад.

***

Бинобар корпартоии умумӣ, ширкатҳои ҳавопаймоии Бразилия парвозҳоро ба Аргентина лағв менамоянд.

***

Дар натиҷаи муташанниҷ гардидани вазъияти Исломобод ва Теҳрон, теъдоди парвозҳо тавассути ҳарими ҳавоии Покистон ду баробар коҳиш ёфт. Дар ҳарими ҳавоии Покистон шумораи парвозҳо ба 700-750 мерасид, вале тибқи иттилоои “The Express Tribune” яку якбора рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар ҳарими мазкур парвоз ба 450 адад расид. Сухангӯи авиатсияи граждании Покистон иброз намуд, ки дар ҳаракати ҳавоӣ ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад ва тамоми парвозҳо бо истифода аз фазои Покистон тибқи расмиёти стандартии амалиёт назорат карда мешаванд.

Бояд ёдовар шуд, ки санаи 16-уми январ нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба ду қароргоҳи гурӯҳи террористии Ҷайш ал-Золм дар қаламрави Покистон ҳамла намуданд. Дар ҷараёни амалиёт аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳо истифода шудааст. Вазорати умури хориҷаи Покистон ин ҳамларо маҳкум намуда онро нақзи марзҳои ҳавоии кишвар хонд, ки метавонад ба паёмадҳои сангин оварда расонад. Рӯзи 18-уми январ вазорати умури хориҷии Покистон хабар дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ амалиёти зиддитеррористӣ анҷом додаанд, ки дар ҷараёни он ба паноҳгоҳҳои ифротгароён дар вилояти Сиистону Балуҷистони Эрон зарбаҳо задаанд. Ба гуфтаи мақомоти вилоят, дар натиҷаи ин ҳамла 10 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак кушта шудаанд.

***

Ширкати “Red Wings” аз санаи 21-уми феврал парвозҳоро байни Екатеринбург ва Архангелск ва аз 3-юми март парвози мустақимро аз Омск ба Минералние Водӣ, инчунин дар тирамоҳи соли ҷорӣ парвозро аз Екатеринбург ба Махачқалъа оғоз менамояд.

***

Ширкати Қазоқистон “FlyArystan” сертификати оператори худро мегирад, аммо ин боиси тағйири сохтори саҳҳомӣ нахоҳад шуд, - иброз дошт Президенти ширкати “Air Astana” Питер Фостер.

***

Масоили афзоиши шумори парвозҳои мустақим миёни Беларус ва Мисрро сарони вазоратҳои хориҷии ду кишвар баррасӣ намуданд.

***

Ширкати “Turkish Airlines” фурӯши чиптаҳоро барои нахустин парвозҳои Истанбул-Мелбурн, ки 15-уми марти соли 2024 ба роҳ монда мешавад, оғоз намуд. Ин аввалин хатсайри ширкати ҳавопаймоӣ ба Австралия маҳсуб меёбад.

***

Пас аз таваққуфи чорсола, ширкати “Air China” аз 19-уми январ парвозро байни фурудгоҳи Мюнхен ва метрополияи тиҷоратии Чин дар Шанхай дубора оғоз намуд.

***

Ширкати “Flydubai” парвозҳоро ба Момбаса дар Кения оғоз менамояд.

**

“GMR Group”, ширкати ҷаҳонии инфрасохтор ва ширкати “IndiGo Airlines”, ҳамкориҳои стратегиро барои ташкили консорсиуми рақамӣ эълон намуданд. Ҳадафи ин шарикии нав ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, ки самаранокии амалиёт ва сифати хизматрасонии мусофиронро беҳтар намуда, ба рушди устувори соҳа мусоидат мекунад.

***

Ширкати “AirAsia” масири навро аз Куала-Лумпур ба Аҳмадобод оғоз менамояд.

***

Ҳавопаймои “Falcon 10” дар минтақаи вилояти Бадахшони Афғонистон суқут намуд, ки дар натиҷаи он 4 нафар наҷот ёфт. Тибқи расонаҳои маҳалӣ садама дар куҳи Турхона дар сарҳади ноҳияҳои Киронманҷон ва Зебок рӯй додааст. Ҳукуматдорони маҳаллии гуфтаанд, ки ба он ҷо гуруҳҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳиро фиристодаанд. Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ Россия иттилооъ дод, ки ҳавопаймои “Falcon”, ки дар Афғонистон нопадид шуд, дар феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои шаҳрвандии Федератсияи Россия сабти ном шудааст. Ҳавопаймо парвози чартерии ёрии таъҷилӣ анҷом дода, аз Таиланд ба Россия (Фурудгоҳи Жуковский) тавассути Гая (Ҳиндустон) парвоз намуда дар он ду халабон, ду пизишк, як зани бемори рус ва шавҳараш Анатолий Е., соҳибкор аз Волгодонск, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, қарор доштанд.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, Flight Global, Aviation Source News, https://news.mail.ru/tag/306/)