Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ШИРКАТ ДАР АВВАЛИН САММИТИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ ДАР БОКУ

ШИРКАТ ДАР АВВАЛИН САММИТИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ ДАР БОКУ
352

Чоп кардан

Мутахассиси КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар аввалин саммити сохторҳои аэронавигатсияи Озарбойҷон, Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти сарпарастии Ташкилоти хизматрасониҳои аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) дар шаҳри Боку баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намуд. Чорабинии мазкур аз 23-юм то 25-уми январ дар шаҳри Боку бо ибтикори CANSO, ташаббуси Вазорати рушди рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон, инчунин ширкати ҳавопаймоии “Azerbaijan Airlines” баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти аэронавигатсия аз Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Дар рӯзи аввали саммит директори генералии CANSO Саймон Хокард, муовини вазири рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон Рахман Гумматов, муовини вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия Энвер Искурт, иҷрокунандаи вазифаи Президенти ҶСП “Azerbaijan Airlines” Самир Рзаев, инчунин роҳбарони мақомоти авиатсионӣ ва хизматрасонии аэронавигатсионӣ суханронӣ намуда, дар ҷараёни он Нақшаи чорабиниҳои CANSO оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя муаррифӣ гардид.

Ҳамзамон, масъалаҳои рушд ва идораи ҳаракати ҳавоӣ дар минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба баланд бардоштани бехатарии парвозҳо ва самаранокии фаъолияти муштарак қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Мавзӯъи асосии саммити мазкур ин ба имкониятҳои ҷории хизматрасонии аэронавигатсионӣ тавъам буда, ҳар як намояндаи хадамотҳои аэронавигатсионии кишварҳои ширкаткунанда ва ташкилотҳои дахлдор хизматрасонии аэронавигатсионии худро муаррифӣ ва оид ба амалиёт, рушди иқтидор, бехатарӣ, устуворӣ ва ҷанбаҳои муҳити зист, муҳити танзим, технология ва инноватсия мубодилаи афкор намуданд.

Муҳокимаи стратегияҳои эҳтимолии афзоиши ҳамкориҳои байни ANSPs, муайян намудани самтҳои эҳтимолии ҳамкориҳои байни кишварҳои Аврупо ва Осиё ва лоиҳаҳои муштарак барои ҳалли самараноки мушкилоти умумӣ идомабахши мавзӯъи нишасти мазкур буд.

Ёдовар бояд шуд, ки таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ иштирокчиёни калидии соҳаи авиатсия буда, барои таъмини бехатарии парвозҳо, рушди долонҳои нақлиёти ҳавоӣ дар минтақа ва таъмини ҷараёни транзитӣ тавассути ҳарими ҳавоии кишварҳо масъуланд. Онҳо барои таъмини занҷири ҷаҳонии ҳамлу нақли ҳавоӣ, баланд бардоштани самаранокии парвозҳо, дастгирии консепсияи рушди устувор ва коҳиш додани таъсир манфӣ ба муҳити зист шароит фароҳам меоранд.

Дар доираи барномаи саммит иштирокчиёни он инчунин бо фаъолияти Идораи ҳаракати ҳавоии “Азераэронавигатсия” (AZANS), аз ҷумла технологияҳои нав ва чораҳои таъмини бехатарии ҳамлу нақли ҳавоӣ дар минтақа ошно гардиданд.

   

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”