Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
287

Чоп кардан

Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар соли 2023, дар маҷлисгоҳи ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” бо иштироки Директори Агентӣ Сафарзода Дилшод, Муовини аввали директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Шодмонбекзода Даврон, Директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр”  Шодмонбекзода  Парвиз, муовини директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Меликов Аслиддин, муовини директори генералии ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” Сатторов Файзулло, сардорони раёсату шӯъбаҳои Агентӣ ва намояндагони васоити ахбори омма доир гардид. Бояд қайд кард, ки 41 намояндагони расонаҳои иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ, давлатӣ ва мустақил, аз қабили Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, Агентии байналмилалии “РИА новости Россия”, Агентии иттилоотии “Авесто”, “Минбари халқ”, “Паёми Душанбе”, “Народная газета”, “Ҷавонони Тоҷикистон”,  “Мир ховар”, “Садои Душанбе”, “Паёми Душанбе”, “Озодӣ”, “Спутник” “Настоящее время” ва ғайра иштирок карданд. Қабл аз баргузории нишаст ба намояндагони васоити ахбори омма варақаҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар  соли 2023 дар шакли китобча дастрас карда шуд. Суолҳои пешниҳодгардида фарогири масъалаҳо оид ба рушд додани хатсайрҳои маҳаллӣ, шумораи чархболҳо ҷиҳати хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ, мукаммал намудани сатҳу сифати сомонаҳои расмӣ, инчунин паст намудани нархи чиптаҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ, зиёд намудани парвозҳо ба нуқтаҳои Федератсияи Россия  ва чанде суолҳоро дарбар гирифта, ба онҳо посухҳои мушаххас дода шуданд.

***

ИМА давраи семоҳаи озмоиши ҳавопаймои барқии “Alia”-ро, ки барои қувваҳои ҳарбии ҳавоии ИМА таҳия шудааст, анҷом дод.

***

Филиали ширкати “Ил” — Авиастар ҳаҷми истеҳсоли шумораи ҳавопайморо зиёд менамояд.

***

Руминия истеҳсоли муштараки ҳавопаймоҳои бесарнишини “Bayraktar”-ро аз Туркия хоҳиш намуд.

***

Ширкати “Airbus” аз ширкати “Eutelsat” корхонаи амрикоиро, ки зиёда аз 600 моҳвораҳои “OneWeb”-ро истеҳсол намудааст, харидорӣ намуд.

***

Чин бо 157 кишвари ҷаҳон дар бораи низоми бидуни раводид созишнома ба имзо расонид ва бо 44 кишвари дигар барои соддагардонии дастрас намудани раводид мувофиқа намуд.

***

Лоиҳаҳои қонун дар бораи таксиҳои ҳавоӣ, ки фаъолияти авиатсияи хурдро ба танзим медароранд, моҳи март пас аз муҳокимаи парлумони Федератсияи Россия  пешниҳод карда мешаванд, ки лоиҳаҳои мазкур дар осон намудани мушкилоти нақлиёт барои минтақаҳои дурдаст ва душворгузар мусоидат менамояд.

***

Эрон аз 4-уми феврал ба таври якҷониба низоми раводидро бо 28 кишвар, аз ҷумла Беларус, Қатар, Қирғизистон, Мексика, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Сербистон, Ӯзбкистон ва Ҷопон лағв намуд.

***

Ширкати “AZAL” ба Паймони глобалии СММ оид ба рушди устувор ҳамроҳ шуд. Ба иттилои ширкати “AZAL”, ширкати ҳавопаймоӣ ҳамчунин ӯҳдадор мешавад, ки 10 принсипи Паймони глобалии СММ, аз ҷумла ҳуқуқи инсон, муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо фасодро риоя намояд.

***

Айни замон созишномаи байниидоравӣ оид ба рӯйхати ниҳоии ҳуҷҷатҳое, ки дар фурудгоҳҳои Ӯзбекистон ҳамчун ҳуҷҷати шахсият эътироф карда мешаванд ва ба мусофирон ҳуқуқ медиҳанд, ки бо истифода аз онҳо ба парвозҳои дохилӣ сабти ном шаванд, таҳти баррасӣ қарор дорад.  Дафтари матбуотии ширкати “Uzbekistan Airports” хабар дод, ки бо мақсади сабти ном барои  парвозҳои дохилӣ шаҳрвандон метавонанд аз шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо истифода намоянд.  

***

Бо мақсади таҷдиди хатти парвоз Фурудгоҳи Остона аз 1-уми майи соли 2024 парвози шабонаро қабул ва иҷро намекунад.

***

Имрӯз Рӯзи кормандони авиацияи граждании Ҷумҳурии Қазоқистон ҷашн гирифта мешавад.

***

Бо сабаби корпартоии иттифоқҳои касаба дар як қатор шаҳрҳои Олмон, ки 1-уми феврали соли 2024 баргузор ва фаъолияти Фурудгоҳи Байналмилалии Франкфурти Майнро маҳдуд менамояд, ширкати “Uzbekistan Airway” парвози HY231/232 TAS-FRA-TAS-ро лағв намуд.  

***

Ширкати “Virgin Atlantic” бо ширкати “SkyTeam China Eastern Airlines” Созишнома оид ба мубодилаи рамз имзо ва ширкати “Air Serbia” бо ширкати “Etihad” бошад Созишнома оид ба мубодилаи рамзро барқарор намуд.

***

Стартапи “Reliable Robotics” барои намоиш додани қобилияти парвози бесарнишини Нерӯҳои Ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USF) бо истифода аз Cessna 208 Caravan аз ҷониби Нерӯҳои Ҳавоии ИМА иҷозат гирифт.

***

 (Манбаъ: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Fligh Global, AVIA.RU, Uzbekistan Airways, Aviation Explorer, https://news.mail.ru/tag/306/)