Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САДА РАМЗИ ПОКИЮ МУҲАББАТ

САДА РАМЗИ ПОКИЮ МУҲАББАТ
327

Чоп кардан

Ҳар як ҷашну  ид ва маросим хусусиятҳои хоси худро доро буда, шинохт ва муқаддас нигоҳ доштани  он вазифа ва қарзи ҳар як сокини кишвар мебошад.  Ҷашни Сада дар қатори он ҷашнҳои фархунда ва рамзӣ  яке аз ҷашнҳои эронитаборон ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10-и баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад ва  он рӯзро Обонрӯз низ ном мебаранд.

Бино ба тадқиқоти олими мардумшинос ва мутахассиси фолклор Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ) ишора рафта, тавассути ин  сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.  Ба ақидаи дигар воситаи рӯшноии тамоми мавҷудоти олами зинда ва  ифодагари рамзи ҷовидоӣ ин  Хуршед маҳсуб меёбад ва  робитаи ногусастанӣ инсонро  бо табиат бозгӯ месозад.  

Ҷашни Сада дар қатори дигар ҷашнҳои фархундаи   таърихи тулонӣ дошта,  дар замони Истиқлол бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  дар Тоҷикистон низ дар қатори идҳои Тиргон ва Меҳргон эҳё шуда, ҳамасола ҳамчун маросими суннатӣ дар баробари Наврӯз ҷашн гирифта мешавад ва дар ин радиф, аниқтараш дар бораи ҷашни Сада  Пешвои миллат дар  китоби бебаҳои худ “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», ишорати ҷолибе  доранд:

«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст”. 

Дар такя ба андешаҳои ҷолиби бузургон, хоса ба андешаҳои бикри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро бояд қайд кард, ки   ҳар як ҷашн таърих ва сарчашмаи худро дорад. Ва бе омӯзиши амиқу дақиқ  ба муҳтавои он, ба нақши он дар тарбияи инсон ва раҳнамун намудани ӯ ҷониби покию ростӣ сарфаҳм  рафтан ғайриимкон аст.

Ба ибораи дигар  ҷашни Сада дар худ ҳикматҳои хос дорад, ки ҳар яке аз он ҳикматҳо мардумро ба баракату шукргузорӣ, тозагиву озодагӣ, дӯстию эҳсонкорӣ, муҳаббату садоқат ва  ободкорию созандагӣ раҳнамун месозад.

Доир намудани ҷашну маросимҳои мардумӣ, хоса ҷашни  Сада дар бедор намудани завқи зебоипарастӣ ва  раҳнамун сохтани насли наврасу ҷавон ба меҳнатдӯстию ватанпарварӣ, муқаддас доштани  арзишҳои миллӣ,    покию ростӣ, эҳтиром гузоштан ба табиат ва обу хоки меҳан  мусоидат намуда, гузаштаи ибратомӯзи ҳар қавму миллатро ба ояндагон манзур месозад.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”