Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

КАЛОНТАРИН ФУРУДГОҲ ДАР ҶАҲОН

КАЛОНТАРИН ФУРУДГОҲ ДАР ҶАҲОН
503

Чоп кардан

Дар ҷаҳон кишварҳои зиёде мавҷуданд, ки бо ҳадафи ба маркази байналмилалии парвозҳо табдил додани шаҳрҳои худ инфрасохтори мувофиқ, аз ҷумла фурудгоҳҳоро сохта ба истифода супоридаанд. Дар натиҷаи серодам гардидани фурудгоҳҳо, шаҳрҳо барои қонеъ намудани талаботи афзоянда фурудгоҳҳои калонтар месозанд. Тибқи таҳлилҳо бузургтарин фурудгоҳи ҷаҳон дар соли 2023 Фурудгоҳи Байналмилалии Шоҳ Фаҳд дар Арабистони Саудӣ мебошад.

Фурудгоҳи Байналмилалии Шоҳ Фаҳд (Арабистони Саудӣ) бо масоҳати 780 км² ҳар сол тақрибан ба 10-12 миллион мусофир хизмат мерасонад. Фурудгоҳи мазкур маркази (хаб)-и ширкатҳои ҳавопаймоии “Saudia” ва “Flynas” мебошад.

Фурудгоҳ масоҳати 780 километри мураббаъро ишғол намояд ҳам танҳо тақрибан 40 километри мураббаъи он истифода мешавад. Дар омади гап, ҷолиб он аст, ки майдони фурудгоҳ аз масоҳати Баҳрайн (760 км²) калонтар ва ҳамагӣ ду километр камтар аз масоҳати тамоми фурудгоҳи Ню Йорк аст.

Дар ҳудуди фурудгоҳ як масҷиди бузурге мавҷуд аст, ки барои тақрибан ду ҳазор нафар пешбинӣ гардидааст. Умуман, дар тамоми меъмории фурудгоҳ нақшҳои исломиро дидан мумкин аст.

Дувумин фурудгоҳи калонтарин дар ҷаҳон Фурудгоҳи Байналмилалии Денвер (ИМА) бо масоҳати 135,71 км² ва сеюмин фурудгоҳи калонтарин Фурудгоҳи Байналмилалии Истанбул (Туркия) бо масоҳати 76,5 км² мебошад. Бо масоҳати умумии 46,6 км², Фурудгоҳи Дасин (Пекин, Чин) ҳафтумин фурудгоҳи бузургтарин дар ҷаҳон мебошад.

 
АКС аз манбаъҳои боз