Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ FALCON 10B ДАР АФҒОНИСТОН

СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ FALCON 10B  ДАР АФҒОНИСТОН
459

Чоп кардан

Шоми 20-уми январи соли 2024 ҳавопаймои Falcon 10B дар кӯҳҳои Афғонистон бо далели мушкили муҳаррик суқут намуд. Ҳавопаймо дар феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Федератсияи Россия сабти ном шуда, ба ҶДММ “Атлетик Групп” ва як шахси воқеӣ тааллуқ дорад.

“Ҳавопаймо бояд дар масири Гая (Ҳиндустон) - Тошканд (Ӯзбекистон) - Жуковский (Россия) парвози чартерӣ анҷом медод”, - шарҳ дод Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ (Росавиация). Ба гуфтаи ин ниҳод, дар дохили ҳавопаймо шаш нафар – ду нафар узви экипаж, ду табиб ва ду мусофир – буданд.

Ҳавопаймо бемори вазнин Анна Евсюкова ва шавҳараш Анатолий Евсюковаро аз Таиланд ба Москва мебурд. Ҳарду мусофир ба ҳалокат расиданд. Табибони дар ҳавопаймо буда Игор Сивороткин ва Павел Попов, инчунин сарнишинон Дмитрий Беляков ва Аркадий Грачёв наҷот ёфта  26-уми январ ба Москва оварда шуданд.

Тибқи иттилои Reuters полиси Афғонистон дар бораи суқути ҳавопаймо дар вилояти Бадахшон хабардор гардид. Ҳавопаймо аз масир берун шуда, ба кӯҳе дар наздикии марзи Афғонистону Тоҷикистон бархӯрдааст. Пеш аз суқут сарнишини ҳавопаймо аз мушкилоти техникӣ – аз кор баромадани ду муҳаррики ҳавопаймо хабар дод.

Тибқи расонаҳои хабарӣ ин нӯҳумин ҳодисаи рух додани садамаи ҳавопаймои Россия аз аввали соли 2024 ҳангоми парвоз рух дода мебошад. Қаблан ҳодисаҳои суқути ҳавопаймо ва марги мусофирон ба қайд гирифта нашуда буд.

Агентии федеролии нақлиёти ҳавоии Россия шаҳодатномаи сарнишинони хусусии аъзои экипажи Falcon 10-ро, ки рӯзи 20-уми январ дар кӯҳҳои Афғонистон суқут карда буд, лағв кард -  хабар медиҳад манобеъи “Известия”. Ба гуфтаи ин идора, сарнишинон ҳуҷҷати қалбакии хатми омӯзиш барои парвози ҳавопаймои тиҷоратӣ доштанд. Илова бар ин, Хадамоти назорати давлатии авиатсионӣ муайян намудааст, ки дар ҳавопаймо зиёда аз 15 номгуи корҳои хизматрасонии техникии ҳатмӣ иҷро нашуда буданд.

Ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки сарнишинони Falcon 10 дар маркази омӯзишии авиатсионии “Flight Safety International” дар ИМА таълим гирифта, дар асоси ин, Агентии федеролии нақлиёти ҳавоӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои сарнишини хусусиро бо нишони тахассусии Falcon 10 додааст. Аммо барномаи омӯзишӣ дар ин марказ барои ин ҳавопаймо аз ҷониби Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ тасдиқ нашудааст. Бе ин иҷоза маркази амрикоӣ наметавонад сарнишинони Россияро омӯзонад.

Манбаи рӯзнома дар Вазорати нақлиёт изҳор дошт, ки Дмитрий Беляков ва Аркадий Грачёв дар маркази “Flight Safety International” омӯзиш нагирифтаанд. Тавре ҳамсӯҳбати нашрия хабар дод, марказ инро тасдиқ кард. “Flight Safety International” ин маълумот ба “Известия” шарҳ надод.

Манбаъ: Русская служба The Moscow Times, Новая газета Увропа, Коммерсанть, Известия.