Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
268

Чоп кардан

Дар толори ҶСК “Тоҷик Эйр” бо иштироки Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сафарзода Дилшод Файзалӣ, Директори Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” - Амирбекзода Назира, Директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр”- Шодмонбекзода Парвиз, сардорони раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи марказии Агентӣ ва ҳайати кормандони корхонаҳои авиатсионии кишвар оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид.

Нахуст, Сафарзода Дилшод Файзалӣ - Директори Агентӣ саҳм ва нақши бузургу бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла, рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ беназир арзёбӣ намуданд.

Сипас, Назира Амирбекзода зимни баромади худ қайд намуданд, ки аз рӯзҳои таъсисёбии Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдории сулҳу субот ва тинҷиву оромии роҳи нав, таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванд марому мақсади Роҳбарияти олии кишвар буд. Дар ин бора борҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вохӯриву баромадҳо ва суҳбатҳо таъкид намудаанд. Ин марди шариф осудагии миллату давлатро танҳо дар ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ мебинанд.

Ҳамин тариқ, ҳар як нуқтаи Паёми Пешвои миллат муҳим буда, дар он тамоми ҷанбаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ ва вазифагузорӣ барои солҳои минбаъда қарор дода шудааст.

Директори ҶСК “Тоҷик Эйр” Шодмонзода Парвиз ба музокира баромада, андешаҳои худро нисбати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳми босазо гузоштан дар корҳои ободкориву созандагӣ баён намуданд.

Ҳар фарди комилҳуқуқи кишвар бояд Паёми Пешвои миллатро ҳамчун дастури болои мизии худ қарор дода, ҳамарӯза чун барномаи ҳаётан муҳим аз рӯи он кор ва фаъолият намояд.

***

Санаи 2-юми феврали соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Директори Агентӣ - Набизода Азиз Абдусамад, номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ - Шарифзода Абдувалӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳо ва кормандони Агентӣ ҷаласа оиди омӯзиши китоби “Тоҷикон” доир гардид.

Нахуст Набизода Азиз - муовини директори Агентӣ қайд намуданд, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи кӯҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихи дар китоби мондагор ва пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” инъикос ёфтааст.

Сипас, Шарифзода Абдувалӣ - номзади илмҳои таърих қайд намуданд, ки китоби “Тоҷикон”-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи беҳтарин ва безаволи таърихӣ буда, солҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) таъкид дошта буданд: “Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”.

Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи таърихнигорӣ дар он аст, ки ӯ исбот намуд, халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад. Ҳамчунин ин марди оқилу хирад дар ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми худро гузоштааст.

Бо итминон гуфта метавонем, ки Бобоҷон Ғафуров ҳамчун фарзанди маҳбуби Ватан ва халқи тоҷик номи неки худро дар дили наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд.

***

“Роскосмос” ва “Росриболовство” Созишномаи дахлдорро дар истифодаи маълумотҳои зеҳни масофа (ERS) ва системаи навигатсионии ГЛОНАСС барои таъмини навигатсия дар минтақаи Арктика имзо намуданд.

***

Ширкати “Уралские авиалинии” аз моҳи марти соли 2024 парвозҳоро аз Екатеринбург ба Пекин оғоз менамояд.

***

“Ҳангоми парвози омӯзишӣ дар болои кӯли Онега чархболи Ми-8-и Маркази наҷотдиҳии авиатсионии шимолу ғарбии вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Россия иртиботро қатъ намуд. Дар он 3 узви экипаж ҳузур доранд”, — хабар медиҳад “Интерфакс”. Субҳи имрӯз  чархболи Ми-8, ки аз радарҳо дар Карелия нопадид шуда буд, ба рӯи кӯли Онега бархӯрд ва зери ях монд, хабар медиҳад каналҳои телеграмм Shot, Mash ва нашрияи “Известия” бо такя ба манобеъ.

***

Дар Фурудгоҳи Сочи ҳавопаймои  таҷдидгардида Ту-214 аввалин парвози мусофирбари худро анҷом дод. Парвозро ширкати “Red Wings Airlines” аз шаҳри Москва (Фурудгоҳи Жуковский) амалӣ намуд.

***

Ширкати бузурги дифоъии бритониёии “BAE Systems” ширкати “Malloy Aeronautics”-ро харидорӣ намуд, ки ширкати мазкур ҳавопаймоҳои бесарнишинро бо иқтидори баланди боркашонӣ истеҳсол менамояд.

***

Ширкати “Iraqi Airways” санаи 2-юми феврал аз шаҳри Киркуки Ироқ ба Боку парвозҳои мустақимро оғоз намуд.

***

Агентии аэронавигатсионии Лаҳистон (PANSA) сарнишинонро аз амалиёти эҳтимолии низомӣ дар шарқи Лаҳистон ҳушдор намудааст. “Бо дархости ҷониби ҳарбӣ агентӣ Notam N604/2024-ро нашр менамояд. Он барои истифодабарандагони фазои ҳавоӣ аз 5-уми феврали соли 2024 соати 06:00 UTC ва 5-уми майи соли 2024 06:00 UTC ҳушдори навигатсияро ҷорӣ мекунад”, - гуфта мешавад дар изҳорот. Харитаи нашршуда нишон медиҳад, ки ин ба қисмати шарқии Лаҳистон дар сарҳад бо Россия, Беларус ва Украина дахл дорад.

***

Ҳафтаи равон ширкати итолиёвии “ITA Airways” аз барқарор кардани парвозҳо ба Тел-Авив дар Исроил хабар дод.

***

Муттаҳидшавии ширкатҳои “Korean Air” ва “Asiana” аз ҷониби мақомоти зиддиинҳисории Ҷопон тасдиқ шуд.

***

Ширкати “Gulf Air” парвозҳоро ба Нитса, Шарм-аш-Шайх, Искандария ва Бодрум тобистони имсол барқарор менамояд.

***

(Манбаъ: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Fligh Global, AVIA.RU, Aviation Explorer, https://news.mail.ru/tag/306/)