МУСОДИРАИ ХАЛТАҲОИ ПОЛИЭТИЛЕНӢ ВА ҶАРИМАБАНДӢ ДАР ФУРУДГОҲ
Ҳангоми вуруд ба Фурудгоҳи Байналмилаии Кигалии Руанда мусофирон бо огоҳӣ оид ба истифодаи халтаи пластикӣ ё полиэтиленӣ рӯбарӯ мегарданд. Аз нуқтаи санҷиши гумрукии фурудгоҳ ҳама халтаҳои пластикӣ мусодира мегарданд. Ҳатто намояндагони Идораи идоракунии муҳити зисти Руанда (REMA) бастаи пластикиро бағоҷҳои сайёҳони беэҳтиётро мебуранд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳукумати Руанда тибқи Сарқонуни он эътироф менамояд, ки “ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба муҳити солим ва қаноатбахш дорад”. Дар ин ҳуҷҷат дарҷ гардидааст, ки масъулияти ҳар як шаҳрванд барои “ҳифз, муҳофизат ва беҳтар намудани муҳити зист” саҳм гузоштан мебошад.
Дар соли 2008, дар ҳоле ки боқимондаи ҷаҳон ба баррасии андоз барои халтаҳои пластикии яквақта базӯр шурӯъ карда буд, як кишвари хурди Африқои Шарқӣ тасмим гирифт, ки истифода ва истеҳсоли онро комилан манъ кунад. Дар доираи ин иқдом соҳибкорон маҷбур шудаанд, ки халтаҳои пластикиро бо халтаҳои коғазӣ иваз кунанд.
Дар Руанда халтаҳои пластикӣ ғайриқонунӣ буда, барои истифодаи онҳо аз 100 то 150 доллари ИМА ҷарима пешбинӣ гардидааст.